Парчами миллӣ рамзи ҳаёти осоишта ва ваҳдати ҷовидонист!

 

Дар ДИС ДДТТ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ба ин санаи фархунда устодону донишҷӯёнро самимона табрику таҳният гуфта, зикр намуд: Парчами миллӣ мамлакат ва миллатро муаррифӣ мекунад ва онро рамзи асосии кишвар дар тамоми дунё медонанд.

24-уми ноябр дар раванди дигаргуниҳои кулли дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокинони Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст».

Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузори ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолаи таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

 

Соли 2011 баландтарин парчами дунё, ки дар шаҳри Душанбе сохта шуд ва ба китоби Рекорди Гиннес дохил гардид, ки баландиаш 165 метр, дарозиаш 60 метр ва бараш 30 метрро ташкил мекард ва ба ҳусни зебои пойтахти кишварамон ҳусни дигарро зам намуд.

Парчамбардорӣ ва парчамдорӣ ифтихори ҳар як ватандор аст. Парафшонии Парчам аз фатҳу қуллаҳои баланд ва ғалабаи мо тоҷикон дар ҳамаи соҳаҳо шаҳодат медиҳад ва ҳамчунин нишонаи сулҳу ваҳдат ва осоиш дар кишвари  Тоҷикистон аст.

Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ чорабинии идонаи донишҷӯён намоиш дода шуд. Онҳо бо маҳорати баланд васфи муқаддасоти миллӣ, забон, рӯзи конститутсия, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллӣ шеърҳо қироат намуда, дар бораи Тоҷикистони соҳибистиқлол сурудҳои дилнишинро сароиданд.

Дар поёни чорабинӣ озмуни кадбонуи беҳтарин ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо ифтихорномаву дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бахшида ба ин санаи фархунда як зумра устодони донишкада бо ифтихорномаи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *