Парчами давлатӣ – рамзи истиқлолият

Дар баробари дигар ҷашнҳои бузург яке аз нишонаҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ Рўзи Парчами миллӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсоз тасдиқ гардидааст, дар таърихи тоҷикон нақши муассир дорад.Тоҷикистон дорои нишона ва рамзи муайян, яъне Парчам мебошад, ки барои халқи мо муқаддас ба шумор меравад. Ин аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро бо ҳамин Парчами нурафшон мешиносад. Маҳз бо ҳамин Парчам мо тавонистем, ки давлати хешро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ намоем.

Мо – тоҷикон дар таърихи инсоният яке аз  миллатҳое ба шумор меравем, ки аз давраҳои қадим соҳиби Парчами худ будем. Масалан, дар замони шоҳи каёнӣ Ҷамшед соҳиби парчам будан мояи ватандорӣ маҳсуб меёфт. Баъди Ҷамшед ҳар касе, ки подшоҳӣ мекард, он парчамро боз ҳам пурҷилотар менамуд. Дар таърихи гузаштаи мо тамоми сулолаҳо парчами худро доштанд, ҳатто паҳлавонҳо дорои парчами хеш буданд ва онро бо рангҳои гуногун зеб медоданд.

Парчами миллӣ дар ҳама давру замон баёнгари соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ ва соҳибдавлатии ҳар миллат буд ва ҳаст.

Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Миллати тоҷик бофарҳангу ватандӯст буда, расму оини ниёгони худро ҳамеша пайгирӣ мекунад ва ба арзишҳои олии он эҳтироми хоса зоҳир менамояд. Асосузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳтиромгузорӣ ба Парчами давлатӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе “Боғи Парчами миллӣ” бунёд шуд, ки он ифтихори мо мебошад. Дар маркази боғи мазкур Парчами давлатӣ парафшонӣ мекунад, ки баландии умумии он 165 метр буда, яке аз баландтарин парчамҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ҳамасола ҳазорон  нафар сайёҳони хориҷӣ барои  тамошои ин манораи бузург ташриф меоранд.

Парчами миллӣ худ нишон ва рамзи муқаддасоти кишварамон, халқамон ва давлатдориамон маҳсуб меёбад. Парчами Тоҷикистон дар қалби ҳар фарди худшиносу худогоҳи кишварамон муҳаббат, вафодорӣ ба Ватану миллатро бедор месозад, зеро  Парчами миллӣ ифтихор ва шарафи ҳар шаҳрванди мамлакат аст.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон симои сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳон бо номи Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Ҳамчунин Парчамро рамзи осоиштагиву сулҳ ҳисоб кардан дуруст мебуд, зеро он ғурури миллиро дар қалбҳо бедор месозад. Агар Конститутсияро бахтномаи миллат номем, пас, Парчам  ҳамчун сари баланди халқ муаррифӣ гардидааст. Рангҳои Парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи тоҷик ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд.

Парчами миллии Тоҷикистон барои тарбия намудани мардуми кишвар дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ ва ободкориву меҳнатдӯстӣ нақши муассире дорад. Зеро, дар он роҳи таърихии тайкардаи халқи баору номуси тоҷик, қаҳрамониҳои родмардони кишвар баҳри адолат, пирӯзии хирад бар зулм ва нияту умеди халқамон ба рушду инкишоф, шукуфоию  хуррамӣ ва ҳамеша зинда доштани орзу инъикос гардидааст.

 

Фотима ҲАМРОҚУЛОВА,

                                                                               донишҷӯ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *