ПАЙМОНИ МИЛЛӢ – БӮҚАЛАМУНСИФАТИ РИЁКОР!

       Имрӯз раҳбарияту пайравони собиқ ҲНИ, ки баъд аз исботу аён гардидани амалҳои номатлубашон оқибат фирорӣ шуда, алҳол дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагонашон қарор дошта, гуруҳаке бо номи “Паймони миллӣ” сохтаанд, ки чун бақаламун ранги пӯсташро иваз менамояд, ки ҳамагон онро ҳамчун худсохтаи назҳатиён медонанд. Такроран боз  қайд менамоем,ки раҳбарияту пайравони “Паймони милли”-и бо ҳар васила фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор сохтан ва пешрафти Тоҷикистони азизро нодида мегирад. Воқеан, вақт довар аст, ки раҳбари он  М. Кабирӣ  пайравонаш ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Паймони миллӣ – буқламунсифати риёкор  мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян ба хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии онҳо  имрӯз барои амалӣ намудани мақсади ғаразнокашон кӯшиш доранд. Хулоса,  кӯшишҳои навбатии бадхоҳони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин лиҳоз, алалхусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

                    

           Дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки имрӯз  мамлакатамон бо баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба  хоинони миллат ҷой нест.

Д. ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *