ПАЙМОНИ ХУДСОХТИ НАҲЗАТӢ – ИҒВОПЕШАИ БАДТИНАТ

Мо тибқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки дар давоми моҳи октябри соли равон роҳбару ҳаммаслакон ва пайравони паймони худсохти наҳзатӣ- “Паймони миллӣ” бо ҳар роҳу восита, алалхусус тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар, шахсиятҳои мансабдор ба даъвати оммавӣ барои дигаргунсозии сохтори конститутсионӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Иғвопешаи бадтинати наҳзатӣ, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин бо думраваш Шавкати Муҳаммад ва шогирдонаш бо номи Сулаймон ва Ҷамшед барои манфиатҳои шахсӣ тухми ноиттифоқӣ андохта, мисли борон онро сари миллати тоҷик рехтанд. Дар баромадҳои қаблию навбатии иғвогарони бадсиришт ва сабтҳои видеоию аудиоии онҳо танҳо суханони беасосу бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаанду халос. Бояд ёдовар шуд, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намоянд. Тавре мо огаҳ ҳастем амалу рафторҳои иғвопешагони бадтинат- мухолифони давлат бар хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, бахусус хилофи озодии сухан буда, барои содир намудани чунин амал қонунгузории кишвар ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.
Хулоса, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки хиёнаткори иғвопешаи бадсиришт дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаю иғвогарӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.

А.ВАЛИЕВ, ассистенти
кафедраи иқтисодиёт ва
соҳибкории ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *