ПАЙМОНИ ХУДСОХТИ НАҲЗАТ – ЧОПЛУСИ ХОҶАГОНИ ҒАРБӢ

Имрӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон, сарварони ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои гуногун нисбат ба терроризиму ифротгароӣ андешаҳои худро баён менамоянд. Дар иртибот ба ин мо низ дар атрофи яке аз масъалаи доғи рўз, оид ба зуҳуроти терроризм ва экстремизм, ки имрӯз хатари асосии таҳдиди амнияти давлатӣ ва давлатдории дунявӣ аст, андешаҳои хешро иброз менамоем. Воқеан, мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрӯзҳо созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи ғаразнокашон, дар фазои иттилоотӣ дар Интернет паҳншаванда, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳама абарқудратҳо маҳз бо таъсису ташкил намудани ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломиву характери динидошта ва бо маблағгузориҳои ҳангуфт, дар ин ё он давлатҳои рушдкунанда ва маҳз ба давлатҳои бо ном исломӣ, ҳадафҳои ниҳоии худро роҳандозиву амалӣ менамоянд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем, ки раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” зери нуфузи таъсиргузории хоҷагони хориҷӣ қарор гирифта, нисбати кишвари соҳибистиқлоламон тавассути расонаю сомонаҳои берунӣ, алалхусус сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ нет” фаъолияти муғризонаашро ба роҳ мондааст. Чунончи яке аз узви фаъоли паймони худсохти наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин имрўзҳо тибқи супориши раҳбару хоҷагонаш бо тактикаву стратегияҳои нави ба ҳамагон маълум тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо намуда, худро “ҳомии миллат” нишон дода, барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат кўшиш дорад. Мавсуф зимни ҳар баромадҳояш суханони ҳар фардро инкор карда, бе асос чоплус мегӯяд. Аммо бехбар аст, ки амиқан худ чоплуси хоҷагони ғарбӣ аст! Умуман, раҳбарияту ҳаммаслакон ва думрави “Паймони миллӣ”- чоплуси хоҷагони ғарбӣ ҳастанду бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд ва ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони наҳзат дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Аз баромадҳои чоплуси ғарбӣ маълум мешавад, ки барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурўшанд. Бинобар ҳамин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки чоплусони ғарбии фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, бахусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии хоинони миллат огоҳ созем.
Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки ҳар шаҳрванди кишвар таъкид бар он карда мешавад, ки пайваста ҳушёрию зиракии сиёсииро аз даст надода, бар зидди чоплуси хоҷагони ғарбӣ, ки ҷомеаи моро ноором карданӣ ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд! Хулоса, роҳбарияту ҳаммаслакон ва думрави паймони худсохти наҳсатӣ – чоплуси хоҷагони ғарбӣ, ки мақсадашон ноором кардани сулҳу суботи кишвари мо аст, ҳеҷ гоҳ ба ҳадафҳои худ нахоҳанд расид!

А. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *