ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТӢ БА ҒАЙР АЗ ИҒВО ВА ФИТНА АНДОХТАН КОРИ ДИГАР НАДОРАД!

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки раҳбарияту пайравони паймони худсохти наҳзат -“Паймони миллӣ” имрўзҳо бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, бесос нисбати ҷумҳурии азизамон ҳарф мезананд. Чунончи ашхоси бешарафи аъзои созмони ифротии мазкур Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи сомонаи ифротии “Ислоҳ нет”, гӯё пойгоҳи таҳлили сиёсӣ ва динӣ мебошад, дар давоми моҳи октябр ва ҳафтаи аввали моҳи ноябри соли равон дар барномаи “Минари муҳоҷир” бо ҷалби пайравонаш пайваста бо баҳонаи маҳдудияти барқ нисбати роҳбарияти олии кишвар туҳмату ғайбатро пеша намуданд, ки он асоси воқеӣ надорад. Дар ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки бадхоҳони миллат ба ғайр аз иғво ва фитна андохтан корӣ дигар надоранд. Барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд, аммо ин дер давом намекунад. Умуман, хоинони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.

Мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд бар зидди амалҳои номатлуб, бахусус ифротгароиву терроризм мубориза барем. Воқеан,  пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии ҷомеа вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳоди ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Қайд кардан зарур аст, ки насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунад, ки ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор биёрад. Бинобар ин, ҳар таҳдиде, ки аз ҷониби паймони худсохти наҳзатӣ ва умуман, гурӯҳҳои манфиатдори хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дарҳол мебояд онро аз фазои иттиоотӣ дур кард. Мо ҳама омӯзгорону падару модарон дар ҳамкорӣ бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ худро эмин нигоҳ доранд.

 Ф. ҚУРБОНОВ, мудири бахши кор бо

ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *