Таҳлилҳо собит менамоянд ва ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” аз ҷониби тарроҳони бозиҳои сиёсии минтақавию ҷаҳонӣ сармоягузорӣ шуда, ин тарҳи сиёсӣ – мазҳабӣ бо мақсади эҷоди низою даргирӣ, ташаннуҷи муноқишоти дохилӣ ва саранҷом ташкили давлати динӣ-теократӣ дар минтақа идома дорад. Нақши хоҷагони хориҷӣ то ҳол аз кӯмаку дастгирии идеологӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва дар авҷ гирифтан ва ба қудрати молию сиёсӣ расидани наҳзатиҳо ба назар мерасанд. Илова бар ин, тӯдаи ватангадоёни саргардон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, меноланду шарме надошта аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони ватанӣ талбандагӣ мекунанд. Имрӯз, ки раҳбарияту пайравони фирории паймони худсохтаи наҳзат дар Аврупо минбардорӣ мекунанд, далели он аст, ки иддае аз давлатдорони ғарбӣ аз картаи исломи сиёсии минтақавӣ истифода мекунанд, то барномаҳои манофеи сиёсию иқтисодиашонро тадриҷан дар минтақа пиёда созанд. Баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки исломи сиёсӣ дар сад соли охир ба сифати баррасӣ муҳимтарини мафкуравӣ ва сиёсӣ дар дасти созмону гуруҳҳои манфиатпеша ва салтанатхоҳ қарор гирифта, ихтилофотро дар миёни ҷомеаҳои суннатии мамолики Шарқӣ мусулмонӣ ба вуҷуд овардааст. Аз ин лиҳоз, ки минтақа ва ҷаҳони имрӯз рӯз дар миён ба ҳаводиси даҳшатбори радикализм ва терроризими динӣ – мазҳабӣ дар қолаби исломи сиёсӣ даргир мешавад. Бояд ёдовар шуд, ки кишвари мо солҳои 90-уми асри гузашта бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ – аъзоёни ҲНИ ва хоҷагони хориҷии ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Он замон кишварамон тамоми ҳодисаҳои фоҷеабори қаблӣ дар Сурия, Ироқ, Яман ва имрӯзҳо дар Афғонистон “марказҳои даргир”-и ҷаҳон рух медиҳанд, аз сар гузаронид. Ин имтиҳони ватандорӣ, душманони дохиливу берунӣ,алалхусус симои аслии роҳбарияту аъзоёни ҲНИ-ро бо далелҳои раднашаванда фош кард. Хулоса, бояд донист, ки тӯдаи хоинони иғвогар – “Паймони миллӣ..” аз назари ақида, ҳадафҳояш воқеан як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз дигар гуруҳҳои террористӣ, экстремистӣ фарқе надорад. Имрўз ин тӯдаи хоинони иғвогар бозичаи кишварҳои хориҷӣ гардида, барои ташкил намудани гуруҳҳои муташакили ҷиноятӣ, терористӣ-экстремистӣ машғул аст ва бо ин роҳ мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намудан кӯшиш дорад. Чунончи дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон, аз ҷониби ҳаммаслаки намоишгараш Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути “Ислоҳ. нет” дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби думравонаш баромадҳои ифротиро пеша намуд. Умуман баромадҳои ифротии роҳбарияту аъзоён ва думравони “Паймони миллӣ”-ро таҳлил намуда, қайд менамоем, ки ин ватангадоёни саргардон дар хориҷи кишвар қарордошта, танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Робита ба ин суол ба миён меояд. Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта бошад?! Ба ин суол бе ягон душвори посух медиҳем: Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд.
Ш. Абулфайзова,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ