ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – ТӮДАИ ТАНГНАЗАРОН ВА ХИЁНАТКОРОН

Имрузҳо як тӯда бадхоҳони миллат тавассути расонаҳои хабарӣ, алалхусус тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ намуда, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламонро нодида гирифта, нисбат ба миллату давлат иғвогарӣ менамоянд. Ин тӯдаи бадхоҳони миллат, аз ҷумла, яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…” Муҳаммадиқболи Садриддин, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, Хусейн Ашуров, барномаи “Ҳақ ва ботил” ва дигаре Абдухалил Восеев, дар барномаи ифротӣ бо номи “Дурахши ҳақ” бо навбат баромадҳо менамоянд. Хулоса, роҳбарият ва ҳаммаслаку пайравони “Паймони милли..” мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва ҳадафҳои муғризонаи ҳамон раёсати фирории ТТЭ ҲНИ, мебошад, ки чӣ тавре дар боло зикр шуд, бо номи “Паймони милли..”намоён шуда, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад. Оё ин гуна рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳадафаш аён аст, ки раҳбарияти кунуни он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравони зикршуда бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт вазъияти кишварро бад карда, мардумро мехоҳанд гумроҳ намоянд. Акнун бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла, авзои имрўзаи Фаластин ва Афғонистонро истифода бурда, нақшаи разилонаи навбатиашро амалӣ созад.
Дар фарҷоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Амиқтараш бар муқобили инсонҳои тангназарону хиёнаткори Аврупоӣ – Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садридин ва пайравонаш муборизаи беамон бояд бурд. Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.

М.ҶУРАЕВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *