

Шукрона, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст. Аз ин дастовардҳои беназир бояд шукрона намуд. Вале, афроду гурӯҳҳо аз қабили собиқ аъзоёни ҲНИ, ки номи ҳизбро ба «Паймони миллӣ..» (ПМ) табдил дода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳад ба ҳаёти осоиштаву муназзами кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонад. Бо боварии комил метавон қайд кард,ки воқеан мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ношукрӣ ва хоинии роҳбару ҳаммаслакони ҲНИ огоҳанд ва ҳаргиз ба суханҳои ифротии ин хиёнаткори шайтони одамсиришт бовар нахоҳанд кард. Вале, боиси шармандагист, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин имрўз дар хориҷи кишвар қарор дошта, нисбати Тоҷикистони азиз, ки бо нону намак ва обу ҳавои ин диёр ба воя расидаан, суханҳои бардурӯғ ва сиёҳкунанда мезананд. Ба хориҷа рафта, аз пушти ким кадом хоҷагони хориҷӣ истода, ба самти Тоҷикистон санг партофтан магар хиёнат аст! Хотиррасон бояд кард,ки хиёнат он корест, ки ба хориҷа рафта, дар барномаҳои ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”ровигӣ намуда, бо ибораи дигар дар назди камера истода, ҷавононро ба ҷиноят таблиғ кардан аст! Умуман рафтору кирдор ва гуфтори наҳзатиҳо аз бадбинӣ ва нафрату хиёнат иборат аст. Ин тӯдаи кӯрнамакони ифротӣ мебошанд, ки даст ба хиёнат зада истодаанд ва ақл надорану аз озодӣ ва сиёсат сухан мегӯянд. Ҳаммаслаку пайравони “Паймони милли…”, аз ҷумла Муҳамадиқболи Садриддин, алалхусус думрави Абдухалил Восеев-и тақлидгараш ва Тағоев Муҳаммад аз сабаби надоштани ғояҳои худ мунтазам ба дурӯғпароканиҳои сиёсию идеологӣ ва тасарруф кардани моликияти зеҳнии дигарон даст мезананд. Таблиғотгароии ин тудаи курнамакони ифротӣ, бори дигар нишон дод, ки чашмони онҳоро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд. М.Садридддин ва шогирдону думравонаш дар аксарияти баромади худ бо эҳсос оид ба мафҳумҳои «ҷудоиандозӣ» ва «ноҷавонмардӣ» сухан мегӯянд. Вале мо намефаҳмем, ки ин таъкидҳо бо кадом ченакҳо ҳисоб карда шудаанд. Хулоса натиҷаҳои нохалафиву ватанфурўшии собиқ аъзоёни ҲНИ, яъне “Паймони милли..” бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангези хиёнаткор набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани амалҳои ифротӣ бикӯшем. Баробари ин, мо ҷавонони тоҷик бояд кӯшиш намоем, ки кишвари ободгаштаистодаи худро боз ҳам ободтар намоему баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду ҷаҳд созем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ