ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – МУТААССИБУ БЕГОНАПАРАСТ

Ҳар як шахси бонангу ори тоҷик, ки имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад, дастовардҳои дар тўли 32 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад. Аммо, мутаассифона, бархе афроди роҳгумзада, амиқтараш хоинони миллат таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ё месенҷерҳо ба монанди facebook, YouTube, Viber “Ҳамсинифон” (Одноклассники), Instagram ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ, аз қабили “Ислоҳ нет” баромадҳо менамоянд. Чунончи Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” мебошад, ки дар сомонаи ифротӣ “Ислоҳ нет” санаҳои 15, 19 ва 22 ноябри соли равон зимни баромадҳо, бо ҷалби пайравонаш дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо даъвоҳои беасосу пучу беъманӣ дар атрофи масоили сиёсати кишвар ва нисбат ба сокинони диёру фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ҳарзагўӣ карда дар арсаи байналмилалӣ миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад. Умуман тӯдаи хоинон бо ин роҳи ифроткорӣ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд.

М.Садриддин дар баромадҳои ифротиаш худро “уламои дин” ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешавад, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақидааш ба фарҳангу маърифат ва хусусан ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дорад. Ин қабил хоинони миллат имрӯз ба доми хоҷагони хориҷӣ афтода, дигар илоҷе надоранду худбохтаю раҳгумзада, дар ба дару кӯ ба кӯ, ин бор дар кишварҳои Аврупо хурҷини гадоӣ сари китф бадгӯиву ҳасодат ба кишварамон менамоянд. Бояд хотиррасон кард, ки ҳар фарди солимақлу соҳибaтафаккур давоми умри худ пайваста баҳри қонеъ гардонидани завқи бадеӣ ва эстетикии худ мекӯшад ва дар ин раванд сайругашти саҳарӣ ё бегоҳӣ барои саломатӣ ва ҳам рӯҳияи нав мақбултар аст. Ҳатто, нафарони пастфитрату муғриз низ аз чунин таълимотҳо бархурдоранд ва дар майнаи пучи бемағз ҳавас ба сайругашт доранд. Нафари хоину ватану мазҳабфурӯш М.Садриддин ва роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ – тӯдаи ватангадоёни саргардони паймони худсохтаи наҳзат бошанд оғӯши табиати биҳиштосоро ба сарқути мизи хоҷагони дасисабози хориҷӣ иваз намудаанд. Зуҳуроти ҷаҳонбинии маҳдуд ва ноогоҳӣ аз донишҳои оддӣ боис гардид, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш натавонистанд тамаддунофариву фарҳангсолории миллати шарифи тоҷикро муаррифӣ намоянд. Баръакс, исбот намуданд, ки майнаашон олудаи палидию ғашиҳо асту дар он саводи қазоӣ барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад. Хулоса, ҳодисаҳои гузашта моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори роҳбарияту аъзоёни “Паймони миллӣ”- мутаассибу бегонапараст ва хоҷагони онҳо дуруст хулоса барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ бар зидди он мубориза барем. Ҳимояи Ватан аз чунин нафарони бадхоҳ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Новобаста аз баромадҳои ифротии хоинони миллат, ваҳдату оромӣ ва сулҳу суббот дар ватани соҳибистиқлоламон бебозгашт давом медиҳад, нагузорем, ки нохалафон нисбати кишвари мо сухан гӯянд.

Ҳадафи масъалаи матраҳгардида он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати ўҳдадории хешро пеша карда, қабл аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоишта, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳҳои иғвопеша ва ба суханҳои раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат – мутаассибу бегонапараст фирефта нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросари миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *