Ҳамагон огоҳу шоҳид ҳастанд, ки солҳои охир хоинони давлату миллат, бахусус раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат-Паймони милли ва шогирдону пайравонаш ҳамчун блогерҳои интернетӣ, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин ва Салим Султонзода тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат баромад намуда, ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан кӯшиш доранд.

Дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд чӣ мақсаду ҳадаф доранд мо огаҳем. Макру фиреби Муҳиддин Кабириву чоплусони ватангадояш аслан бо фармоиши хоҷагони маблағгузори хориҷӣ таҳия ва тарҳрезӣ мешаваду баъзе ифротгароёни дохилӣ ба онҳо ҳамшарикӣ мекунанд.
Ҳатто ин тоифаи чоплус андеша ҳам намекунанд, ки обу нони Ватан онҳоро кӯру оҷиз мекунад. Зеро, ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту нафси худ ба Иблиси малъун фурӯхтаанд.
Ҳар кас фикру ақидаи шахсии худро дорад, дар минбарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бо риояи қоида ва имлои забони давлати сухан гўяд. На мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ва Салим Султонзода.Бояд ёдовар шуд,ки ягон миллати ҷомеаи имрўза нисбат ба миллату давлат сухани қабеҳ гуфтанаш ба назар намерасад. Ба андешаи мо ин мунофиқони беимони иӯвогар аз ақл бегона шудааанд ва ё ба бемории руҳӣ гирифторшудае беш нест! Аслан инро аз баромадҳои видеоӣ эҳсос карда будем, ки бо чунин авзои беҷо ё бемории руҳӣ дорад ё нашъаманд ҳаст.

Ба М.Садриддин ва С.Султонзода, таъкидан гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиш,мо онро қонунҳои тиллоӣ мегуем, яъне «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем.
Дар интиҳои андешаи хеш , хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем ки баромадҳои наҳзатиҳо ва думравонаш моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Биноабар ин, ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.Нагузорем, ки ин мунофиқони беимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!
Р.АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз
