ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – ГУРӮҲАКИ ГАДОЁНИ ИҒВОАНГЕЗ

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки имрӯз барои бадхоҳони фирории миллат,алалхусус раҳбарияту ҳамммаслакони паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли..”, ки аслан он ҳамон ҲНИ мебошад, ягона роҳ дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, тибқи дастури Муҳиддин Кабирӣ, тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет” дар хориҷи кишвар ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд. Ин гуруҳаки ифротӣ, бахусус узви фаъоли “Паймони миллӣ”, ровии барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”-Муҳаммадиқболи бешараф то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз аз моҳи аввали соли 2024 мунтазам бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромадҳои ифротӣ намуда истодааст. Бо ин роҳ гӯё «адолат ва ҳақиқат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошад. Бо баробари ин зимни баромадашон дар сомонаи “Ислоҳ.нет”тариқи шифоӣ ва хаттӣ (бегущая строка) чун гадоёни Аврупоӣ талбандагӣ мекунанд. Имруз М.Садриддин ва пайравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, Абдухалил Восеев ва Шавкати Муҳаммад гурезаву гадо ва сарсону дарбадар, бо рафтору гуфторашон миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном менамоянд, ки ин амалашон нобахшиданист!
Хулоса, рафтору гуфтор, умуман баромадҳои ифротии М.Садриддин ва пайравонаш барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад. Дар интиҳо суханњои иғвоангезонаи М. Садриддин ва шогирдону пайравонашро пайваста ва доимо мањкум менамоем. Умуман, мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин гурӯҳаки гадоёни иғвоангез бовар намекунанд ва муқобили ин гуна афрод мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад.

Д.ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *