ПАЙГИРИИ БО КОР ТАЪМИНШАВИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва ташкилоти ҷамъиятии “Пунбачӣ” татбиқи нақшаи маркетинги омӯзиши бокортаъминшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идома дорад. Дар сомонаи ташкилоти мазкур gts-center.tj маълумоти зарурии муассисаҳои таҷрибавӣ оид ба ҳаракати касбии хатмкунандагони муассисаҳои олии касбии кишварро дастрас кардан мумкин, ки ин метавонад ба маниторинги раванди бокортаъминшавии мутахассисони ҷавон мусоидат намояд.

Ин имкон медаҳад, ки хоҳишмандон аз сомонаҳои гуногун вориди сомонаи омӯзишии бокортаъминшавии хатмкунандагон гардида дар пурсиши тавбатӣ иштирок намояд.

Омӯзиши ба кор таъминшавии хатмкунандагон – яке аз воситаҳои самараноки ба даст овардани маълумоти миқдорӣ ва сифатӣ мебошад, ки барои таҳлилу арзёбии сифат ва аҳамияти таҳсилоти олӣ аз нигоҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегардад.
Моҳиятан омӯзиши ба кор таъминшавии хатмкунандагон пурсиши меъёришудаи хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки дар давраи муайяни вақт пас аз хатми муассисаи таълимї гузаронида мешавад. Муҳтаво ва мақсадҳои пурсиши хатмкунандагон метавонад ба дараҷаи кофӣ васеъ бошад, вале мавзуъҳои муқаррарии пурсиш саволҳоеро дар бар мегиранд, ки ба сифати раванди таълим, роҳу восита ва давраи ҷустуҷӯи кор аз ҷониби хатмкунандагон, рушди касбӣ, истифодаи донишҳои гирифта, намуди ҷории фаъолият ва ҳамкорӣ бо муассисаи таълимиро дар бар мегиранд.
Ба таври таҷрибавӣ (пилотӣ) анҷом додани омӯзиши ба кор таъминшавии хатмкунандагон ҳамчун восита дар чаҳорҷӯбаи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” сурат мегирад, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ ва аз љониби Ҳукумати Тоҷикистон дастгирї карда мешавад. Таҳқиқоти мазкур имконият медињад, ки ба натиљањои татбиќи Стратегияи рушди миллӣ то 2030 оид ба таъмини шуғли самаранок ва баланд бардоштани қобилияти меҳнатии аҳолии босуръатафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бањои воеӣ дода шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *