Солҳои охир хатарҳои ҷаҳони муосир, назири терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон гардидаанд. Дар амри мубориза алайҳи ин хатарҳо нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҳамчун мавқеи стратегӣ қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои фароҳеро дар таҳкими мубориза бо терроризм ва ифротгарої фароҳам овард.
Сабабҳои муваффақияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм ва экстремизмро метавон чунин шарҳ дод:
– ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи сахту беамони Ҳукумати Тоҷикистонро бар зидди терроризм ва экстремизм ҳамаҷониба тарафдорӣ намуд;
– таъсиси сохтори зиддитеррористӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2004 ба Тоҷикистон имкон дод, ки муборизаро бо терроризм ва экстремизм боз ҳам пурқувват намояд;
– Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида буданд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дод;
– Тоҷикистон, ки аз байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизми динӣ қарор дорад, дар асл амнияти тамоми кишварҳои узви ин созмонҳоро таъмин намуда, дар роҳи пешгирии тавсеаи терроризм ва экстремизми динӣ ба қаламрави онҳо ҳамчун сипар истодааст.
Дар замони имрўза падидаи номатлуби терроризм ва зуҳуроти дигари ба он алоқаманд дар шаклу намудҳои мухталиф зуҳур мекунад: ба вуҷуд овардани инфиҷор (таркиш)-ҳо дар ҷойҳои сераҳолӣ, дохили автобусҳо, фурудгоҳу мағозаҳо, тавассути таркиш хароб кардани биноҳои аҳамияти муҳимдошта, гаравгон гирифтани одамон, бо роҳи зўрӣ дар одамон ба вуҷуд овардани тарсу ваҳм ба хотири дар шуури онҳо, ҷой додани нобоварӣ нисбати ҳаёти ояндаи дурахшон, бо роҳи сўиқасд ҷисман нобуд кардани шахсиятҳо ва ғайра.
Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм соҳиби мавқеи устувор буда, дар ин замина бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурда дорад.
Дар кишвари мо бо иқдоми шоистаи Сарвари давлат имрўз барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини баробарҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Маҳз, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳиби дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардидан, ба комёбиҳои бузурги маънавӣ ва фарҳангӣ низ ноил гардид, аз љумла, сатҳи худшиносии мардум боло рафт, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, табодули фарҳангу ақидаҳо, андешаи созандагӣ ҷузъи таркибии андешаи миллӣ қарор гирифт.
Мардуми кишвари озоду ободи мо имрўз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад…». Аз ин рў, давру замон дар назди мо-ҷавонон аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки соли љорї 28-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.
н.и.и., муаллимаи калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ,
таҳлил ва аудити Донишкадаи иқтисод ва савдои
Донишгоҳи давлатии тиҷоратии тиҷорати Тоҷикистон
Гадойбоева Ш.Ҷ.