ПАДИДАҲОИ ИФРОТИРО ХОЛИСОНА НАЗАР НАБОЯД КАРД!

Таҳлилҳо собит менамояд, ки ҳоло терроризми байналмилалӣ бо шиорҳои бофтаю сохтаи динӣ, аз ҷумла дини ислом мақсадҳои худро пардапӯш намуда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки дини мубини Ислом ба терроризм ва ҳаракатҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс, таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронда шудааст. Иллат танҳо дар он аст, ки қувваҳои махсус барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз дини мубини Ислом суиистифода мекунанд. Роҳбарони пасипардагии терроризм мехоҳанд, харитаи иқтисодию сиёсии ҷаҳонро ба манфиатҳои худ мувофиқ созанд ва махфӣ нест, ки террористон барои пиёда гардондани хостаҳои пуштибонони худ, бо нишондоди онҳо амал менамоянд. Мақсади асосии онҳо сарнагун кардани сохти конститутсионии давлатҳои алоҳида ва ба ҷойи онҳо ҷорӣ намудани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпешаю ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад. Мо ин вазъиятро дар солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон ба мушоҳида мерасид.

Имрӯз бошад бо назардошти шиддат гирифтани авзои кунунии сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Истифодаи қувва ва зӯрӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз бештар мушоҳида мешавад. Қудратҳои ҷаҳонӣ дар раванди ҳифзи манфиатҳои худ дар гӯшаҳои гуногуни олам муқобили ҳам қарор мегиранд, дар натиҷа низоми давлатдории як силсила давлатҳо аз байн меравад. Ин вазъро дар Афғонистон дидан мумкин аст.  Ислоҳи чунин вазъ танҳо дар сурати такмили ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии муҷозотӣ барои кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, амалӣ намудани тафтиши байналмилалии зуҳуроти терроризм, ба муҳокимаи Додгоҳи байналмилалӣ кашидани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда имконпазир мегардад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки таҷрибаи ҷаҳонии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ собит намуд, ки ҳеҷ яке аз кишварҳои бузург ҳам, ба танҳоӣ амнияти дохилӣ ва хориҷии худро таъмин карда наметавонад ва имкони дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсию иқтисодӣ надорад.  Ҳатто, Иттиҳоди Аврупо, ки 30 кишвари аврупоиро дар худ муттаҳид кардааст, бо ин зуҳурот дастбагиребон аст ва дар муқовимат бо терроризм ниёз ба ҳамоҳангӣ бо дигар қудратҳои ҷаҳонро дорад. Ин дар ҳолест, ки чор давлати узви Иттиҳод аз ҷумлаи ҳашт кишвари саноатии ҷаҳон, ду узви он дорои силоҳҳои ҳастаӣ ва аъзои доимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд. Бо назардошти ин, ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо ИМА ва Россия дар мубориза ба муқобили қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон, аслиҳаву яроқи ҳастаӣ, терроризми байналмилалӣ, низоъҳои минтақавӣ, барои амнияти ҷаҳонӣ аз аҳамияти хоса бархӯрдор аст. Баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки  роҳбарияти олии кишвар доимо ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва муқовимат чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст. Умуман дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

К. КАЛОНОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *