Озодандешагони тоҷик чӣ мехоҳанд?!

Тоҷикон аз қадимулайём бо олиму мутафаккирон ва равшанфикрон фахр доштанд. Айни замон бархе аз фардони носолими ҷомеа худро ҳамчун “Озодандешандагон”, мунаққидоне, ки фикру дарду дармони халқи тоҷикро мегӯянд, вонамуд месозанд. Онон худро баёнгари демократия ва ҳифзкунандагони он меҳисобанд. Мана инҳо “озодандешагон”-и замони мо – Равшани Темуриён, Саидюнуси Истаравшанӣ, Темур Кличев, Алим Шерзамонов, Ҳаким Рабимпур, Аюб Эгамов!
Дар пойтахти Австрия – Вена онҳо форуми худро гузаронида, бо тамоми овоз ба ҷаҳон арз карданд, мо нотарсона ва озодона фикр карда метавонем. Вале дар асл онҳо ҳадафҳои ғарази хоҷагони худро дар амал тадбиқ кардань ҳастанд. Онҳо бо номи баланд ҷамъияти худро номгузорӣ намудаанд. Бо умеде, ки аз номи ҷамъият ҳама ба ғояҳои онҳо бовар намуда, фирефтаи ақидаҳои – форуми озодандешандагони Тоҷикистон – ФОТ! мегарданд. Бо номҳои Ҳакими Рабимпур ва Аюб Эгамов аксарияти мардум ношиносанд. Вале се тои онҳо – Равшани Темуриён, Темур Кличев ва Алим Шерзамонов ба доираи маҳдуд шиносанд. Пеш аз он ки ин се нафар озодандешандагони тоҷик шаванд, ҳамчун фаъолони ҷамъияти шаҳрвандии Тоҷикистон амал мекарданд. Маҳз дар Тоҷикистон малака ва дониши наттоқиро аз худ намуда, ба табақаи равшанфикрон шомил шудаанд.
Равшани Темуриён якумин маротиба дар форуми қувваҳои оппозитсионӣ дар Варшава иштирок намуда, оиди демократия ва озодандешӣ ҳамроҳи Кабирӣ дар бисёр нишастҳо сухан меронад. Ҳоло ӯ шаҳрванди Канада буда, худ изҳор медорад, ки аъзои яке аз ҳизбҳои давлати Канада мебошад ва ба Варшава бо даъвати САҲА (ОБСЕ) баромад намудам, на балки бо дархости Кабирӣ. Дар асл гуфтаҳои ӯ дурӯғ мебошад. Фикру ақидаи Темур ва ҳамҷамъиятонаш бо амри хоҷагонашон ҳар дафъа дар ҳар гуна баромадҳояшон тағйир ёфтан мегирад.
Ахмедов М.А., устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *