Озодандешӣ чист ва озодандеш кист?

     Ин савол барои касе, ки камтар ҳам бошад аз таърихи фалсафа хабар дорад, масъалаи нав нест. Агар ба таърихи фалсафаи бостони тоҷик назар андозем, ҳанӯз дар таълимоти зардуштия таъкид гашта буд, ки инсон дар аъмоли хеш озод аст. Аммо дар идомаи ин андеша таъкид мегардад, ки инсон бар души худ барои аъмоли озодаш масъулиятро низ дорад, яъне рӯзе мерасад, ки ӯ дар назди Аҳуромаздо ҷавоб мегӯяд. Ақидаҳои ба ҳамин наздикро мо дар фарҳангӣ қадимаи Ҳинду Чин низ вохӯрданамон мумкин аст.

    Намунаи барҷастаи озодандеширо мо дар  фалсафаи Юнони Қадим, дар мисоли фалсафаи Суқрот дида метавонем, Дар адабиётҳо таъкид мегардад, ки Суқрот мутафаккири озодандеш ва мунаққиди гузаро будааст.  Вай дар андешаҳои фалсафиаш сохти ҷомеаи ғуломдории Юнон ва муносибатҳои иҷтимоии ҳамон вақтаро зери танқид гирифтааст. Ҳатто барои озодандешиаш ӯро ба маҳкама кашида, ба зиндон мепартоянд. Вақте ки ба ӯ шогирдонаш фирор намуданро аз зиндон пешниҳод менамоянд, ӯ розӣ намешавад ва заҳр нӯшида ҷон медиҳад.

      Падидаи озодандеши дар даври Эҳё ва Замони Нави Аврупо ҳам ташаккул ва такомул ёфта буд. Намунаҳои онро мо дар фалсафаи маорифпарварии Фаронса: Волтер, Монтескё, Руссо, Кондорсе, Кондиляк, Ламетри, Дидро, Гелветсий, Голбах дида метавонем.  Мӯҳтавои  озодандешии ин мутафаккирон аз он иборат аст, онҳо  мафкураи феодалї, таассуби диниро танқид намуда, озодии эътиќод ва  афкорро тарғиб намудаанд.

       Ҳадаф аз ёдовар шудани ин нуктаҳо аз он иборат аст, ки  дар таърих падидаи озодандешӣ ҳамчун василаи ислоҳи камбудиҳо ва ободу ороста гардонии ҷомеа баррасӣ гаштааст. Муҳимтарин нукта аз он иборат аст, ки мутафаккирони дар боло зикр гашта барои баёни афкори озодонаи хеш ватанашонро тарк накардаанд, аз сарзамини бегона истода ба дигарон  бунёди ҷомеаро сабақ надодаанд. (Ба ёд оред Суқрот маргро аз гурехтан аз ватан афзалтар медонад.)

          Сад афсӯс, ки имрӯз ашхосе (барои ин мафҳум узр мехоҳем, чунки зери  ибораи “гурӯҳи озодандешон” ному насаби киҳо ниҳон аст, мо намедонем) аз дуриҳои дур истода, ба мо ҷомеасозиро меомӯзонанд. Бубахшед, мо ҳам аз сиру асрори ҷомеасозӣ бохабарем. Принсипҳои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ,  иқтисодӣ бозории ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар арзишҳое, ки шумоён иброз доштаед, ба мо ҳам маълум аст. Аммо мо дар ҳайратем, ки шумоён вазъи муташанниҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан дар давлатҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва имкониятҳои имрӯзаи онро ба инобат намегиред.   Ба андешаи мо бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин аст, ки дар ин солҳо ваҳдати миллати тоҷик ба даст оварда шуд, дар ҷомеа сулҳу осоиши устувор барқарор гашт. Имрӯз дар ҷаҳон давлатҳое кам нестанд, ки бо гузашти солҳо онҳо ҳамчун миллат ба ваҳдат наомаданд ва худро ҳамчун як гурӯҳи иҷтимоиии воҳид нашинохтанд. Барои ин эътироз узр мехоҳем, аммо ба андешаи мо, агар шумо озодандешон дар ҳақиқат ҳам ободиву оростагии ҷомеаи Тоҷикистонро мехостед бо давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ менамудед, барои ҳаллӣ муаммоҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ ҷомеаи муосири Тоҷикистон саҳмгузор мешудед. Он гоҳ гуфтан мумкин буд, ки шумо озодандешед озодандешонед, ки барои рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хизмати шоён менамоед.

   Аз дур истода маслиҳат додан осон аст, аммо дар Ватан қарор дошта, ба “ҷароҳатҳо иҷтимоиӣ”-ии он (социальные травмы- мафҳум аз илми фалсафаи иҷтимоӣ ва сотсиология) дармон бахшидан кори саҳл нест. Барои ин инсон бояд Ватани худ,  миллати худро дӯст дорад, марзи бум, обу хоки онро муқаддас донад.  Аз ин лиҳоз. мо  ашхосе, ки дар Шабакаҳои иҷтимоии Интернет андешаҳои  “озодандешона”-и худро баён намудаанд,  озодандешони ватанпарвар номида наметавонем.

   Бубахшед, ин фикри озодандешонаи мо мебошад.

Солиҷонов Р.,

 омӯзгори кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *