Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” идома дорад…

Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар донишкада сайри худро идома медиҳад… Ин навбат санаи 27 апрел 2021 озмуни ҷумҳуриявии мазкур дар донишкада байни донишҷӯён барои санҷиши донишу ҷаҳонбинии онҳо аз фанни география гузаронида шуд.

IMG_2439
IMG_2426
IMG_2407
IMG_2402
IMG_2398
IMG_2378
previous arrow
next arrow
IMG_2439
IMG_2426
IMG_2407
IMG_2402
IMG_2398
IMG_2378
previous arrow
next arrow

Даври аввали озмун бо иштирок ва доварии устодони кафедраи “Иқтисодиёти ҷаҳон” – Шораҷабова Шаҳноза, Умаров Содирхон, Ғайбуллоев Камолҷон ва Ҷавоҳир Аҳмадзода аз рӯйи номинатсияи география гузаронида шуд.

Дар озмун 32 нафар донишҷӯён аз се факултет аз рӯйи 4 шарт:
1. Кор бо тестҳо;
2. Саволҳои хаттии назариявӣ;
3. Кор бо харита;
4. Таҳия ва презентатсия қувваозмоӣ намуданд:

Иштирокчиёни озмун бо завқи баланд ба ҳар як шарти озмун дониши худро нишон доданд. Махсусан, дар шарти кор бо харита дар байни донишҷӯён рақобати сахт ба назар расид.

Аз рӯйи шарти чаҳоруми озмун презентатсияҳо дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, монанди: “Захираҳои обии Тоҷикистон ва аҳамияти иқтисодии онҳо”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ”, “Нақши нерӯгоҳҳои обии барқии хурд барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ”, “Саноат – омили муҳими рушди иқтисодиёт”, “Нақши ташкили боғҳои интенсивӣ дар баланд шудани ҳосилнокии зироатҳо” ва ғ. пешкаш карда шуданд.

Умуман, даври аввали озмун дар сатҳи баланд гузаронида шуд ва идомаи даврҳои дигари озмун дар ДИС ДДТТ дар назар аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *