ОЁ ДАР МИРРИХ ҲАЁТ ВУҶУД ДОРАД?

Чин ҷиҳати таҳқиқи «сайёраи сурх» қамари сунъиро ба фазо партоб намуд

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қамари сунъии чинӣ ҷиҳати омӯзиши Миррих ба мадор баромад. Мушак — ҳомили «Чанчжэн-5» бо қамари сунъии «Тянвэн-1» рӯзи панҷшанбе, 23 июл ба фазо парвоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа».

Парвози мазкур соати 12:41 (вақти 7:45 ба вақти Москва) аз космодроми Вэнчани Чин, ки дар ҷазираи Ҳайнан воқеъ аст, сурат гирифт. «Тянвэн-1» аз дастгоҳи мадорӣ ва платформаи миррихпаймо иборат мебошад. Қамари сунъии Чин бояд 11 марти соли 2021 ба Миррих бирасад.

«Тахминан пас аз 2167 сония (тақрибан 36 дақиқа – шарҳи АМИТ «Ховар») қамари сунъӣ бо муваффақият ба мадор баромад ва ба ҳамин тартиб марҳилаи аввали таҳқиқоти сайёраҳои дигар аз тарафи Чин шурӯъ гардид”, — хабар медиҳад Раёсати давлатии кайҳоннавардии Чин (иқтибос аз ТАСС).

«Тянмэн» – ин унвони як шеъри шоири қадимаи Чин Тсай Юаня мебошад, ки он ҳамчун «Саволҳо ба осмон» тарҷума шудааст ва дар он дар бораи ситораҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ сухан меравад.

Ин парвоз бо мақсади ҷустуҷӯйи нишонаҳои ҳаёт дар Миррих ва омӯзиши имконоти мустамлика кардани сайёра аз тарафи инсон сурат гирифтааст. Агар ин парвоз бо муваффақият анҷом ёбад, олимон метавонанд муҳити сайёра, шакли сатҳи замин, майдони магнитӣ ва дигар хусусиятҳои сайёраро биомӯзанд ва дар бораи пайдоиши он маълумоти бештар ҳосил намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *