Имрӯзҳо ин масоили доғи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст. Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш оварда истодааст. Бояд гуфт ки хатари терроризм ва ифродгароӣ дар авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Албатта онҳое, ки мегӯянд, ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд,роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин лиҳоз онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил намудан осон аст. Ҷавононе, ки гумроҳи чунин роҳҳо гаштаанд, умедворем, ки аз райъи худ баргашта ба ватани азизи худ оянд, то ки бо таҳсил ё меҳнати худ шуғл варзанд. Чунки миллати мо дар ҳама давру замонҳо фазлу хирад, озодандешӣ, донишандўзӣ ва зиндагии беолоишро пеша карда кардааст. Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми тоҷику тоҷикистониёнро даъват ба амал меорам, ки ба қадри сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромии кишвари биҳиштосоямон расем. Аз ҷавонон даъват ба амал меорам ҳар шахсе, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд қарзи муқаддаси хеш ва ҳимояи Ватанро фаромӯш созад. Ҳар шаҳрванде ба ин гуна ҳодисаҳо даст мезанад, бояд дар хотир дошта бошад ва шукрона кунад, ки имрўз давлати соҳибистиқлол дорем ва дар ин муддати кўтоҳ чӣ қадар ободониву созандагӣ шуд. Имрӯз вазифаи мо шаҳрвандони ҷомеаи ҷаҳонист, ки бар зидди ақидаҳои ифротии терористон баромада, ҷаҳонро аз ин нопокӣ ва олудагиҳо пок созем. Шукронаи нафаси осудаву кишвари пойдори сулҳ намуда, баҳри пешравиаш бояд кӯшиш намуд. Худро аз ҳар гуна равияву гурӯҳҳои ифротгароӣ дур намуда, барои пешгирии амалҳои номатлуб ҷидду ҷаҳд намуд. Ояндаи халқу Ватани мо – тоҷикон дар дасти худи мост!
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ