ОСИЁИ МАРКАЗӢ МИНТАҚАИ БОСУБОТ, ҲАМГИРОӢ, БОВАРИБАХШ ВА РУШДИ УСТУВОР

Пӯшида нест, ки имруз вазъи ҷаҳон ниҳоят мураккабу пурҳассос гашта, вусъатёбии ҷангу низоъҳои мусаллаҳона дар баъзе минтақаҳои гуногуни олам, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳое мебошанд, ки ба суботу оромӣ ва рушди тараққиёти кишварҳо таҳдидҳо эҷод менамоянд. Ҳамзамон, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба монанди гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ ва камобӣ ба раванди рушди устувори давлатҳо монеаҳо ворид мекунанд.
Дар ин зимн, муттаҳидсозии муштараки ҷомеаи байналмилалӣ бо мақсади таъмини сулҳу осоишта ва ҳамкории созанда беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад. Маҳз, тариқи ҳамдигарфаҳмӣ давлатҳои ҷаҳон метавонанд амнияту субот ва рушди устуворро таъмин намоянд.
Бо дарки амиқи ин равандҳо, минтақаи Осиёи Марказӣ солҳои охир бо кушишҳои муштарак ба қаламрави ҳамкории мутақобилан судманд табдил ёфтааст. Заминаи муносибатҳои давлатҳоро муҳокимаи боварибахш, ошкоро, созанда, ҳамчунин ҳалли ҳамоҳанг шудаи мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад. Зеро дар ҷаҳони имрӯза ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамгироӣ нақши муҳимро мебозад. Ин ба кишварҳо имкон медиҳад, ки мушкилоти рӯзафзунро ҳал намуда, ба пойдории субот ва рушду боустувори давлатҳо мусоидат намояд. Ҳоло, барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ дар Осиеи Марказӣ фазои мусоид фароҳам омадааст. Баргузории ҳафт Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар солҳои охир инро собит сохт.
Бояд қайд кард, ки марҳилаи нави раванди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ аз 15 марти соли 2018 оғоз гардид. Ҳамон сол, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нахустин мулоқот таҳти унвони Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашт ва дар навбати худ ба таъсисёбии ҳамоиши панҷ давлатҳои минтақа асос гузошт. Вохӯриҳои минбаъда дар шаҳрҳои Тошкент (29 ноябри соли 2019), Туркменбошӣ (6 августи соли 2021), Чолпон Ота (21 июни соли 2022), Душанбе (14 сентябри соли 2023), Остона (09 августи соли 2024 ) ва Тошкент (16 ноябри соли 2025) баргузор гаштанд.
Дар ҳамаи ҳамоишҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Зикр бояд кард, ки кишварҳо ва мардумони Осиёи Марказиро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накӯҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои судманд мепайванданд. Ҳамкориҳои кишварҳои минтақа ба эҳтироми ҳамдигар ва дастгирии тарафайн асос ёфта, минтақа ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ба ҳудуди сулҳу амният табдил ёфтааст. Ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд, ин воқеиятро тасдиқ намуд. Бо роҳи сулҳ ҳал шудани масъалаҳои марзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд ва мусбатро гирифт.
Аз ин ҷост, ки Осиёи Марказӣ имрӯз ба фазои боварӣ, ҳамсоягии нек ва дӯстӣ табдил ёфта, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ рушд меёбанд. Дар натиҷаи густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир гардиши мол дар минтақа ба беш аз 80 фоиз афзоиш ёфта, аз 10 миллиард доллари амрикоӣ боло рафт. Дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад дар ояндаи наздик ба 20 миллиард доллар расад .
Осиёи Марказӣ дар давоми асрҳо ҳамчун пул миёни халқҳо ва тамаддунҳо Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст. Роҳи бузурги абрешим тавассути минтақаи имрӯза гузашта, на танҳо муносибатҳои тиҷоратӣ, балки робитаҳои фарҳангиро низ таҳким бахшида, ба рушди илму ҳунар ва арзишҳои маънавӣ мусоидат менамуд. Имрӯз минтақа ин рисолати таърихиро идома дода истодааст. Зеро Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин сарҳади тӯлонӣ дорад ва бо бунёду таҷдиди шоҳроҳҳо минтақаро бо давлатҳои Ғарб мепайвандад.
Айни ҳол масоҳати умумии Осиёи Марказӣ 3 миллиону 882 ҳазор километри мураббаъ, аҳолии он беш аз 80 миллион нафар ва маҷмӯи маҳсулоти дохилии он ба 520 миллиард доллар мерасад. Минтақа аз сарватҳои зеризаминӣ бою ғанӣ аст. Аз ҷумла, дар ҳудуди минтақа тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ, волфрам ва дигар захираҳо мавҷуданд, ки онҳо дар соҳаи истеҳсоли технологӣ ва саноатӣ дар ҷаҳон талаботӣ зиёд доранд
Аз ин лиҳоз, Осиёи Марказӣ имрӯз таваҷҷӯҳи зиёди давлатҳои пешрафтаи дунёро ҷалб намуда, дар ин самт тақвияти ҳамкориҳо ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Таъсиси беш аз даҳ қолаби ҳамкориҳо дар доираи «Осиёи Марказӣ-плюс» (С5+1) инро собит менамояд. Масалан, танҳо дар соли ҷорӣ ҳамоишҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”, “Осиёи Марказӣ-Италия”, “Осиёи Марказӣ – Чин”, “Осиёи Марказӣ – Русия” ва “Осиёи Марказӣ – ИМА” баргузор гаштанд.
Бо дар назардошти ин раванд, кишварҳои минтақа бояд ягонагии худро мустаҳкам намоянд ва иқдомҳои худро дар Осиёи Марказӣ боз ҳам фаъол намоянд. Иқтидори умумии минтақаро ба таври комил дар ҳама ҷанбаҳо муайян намуда, онҳоро дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳои пешрафта ба нафъи кишварҳои худ истифода баранд.
Давлатҳои Осиёи Марказӣ имрӯз барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ҳамкории худро дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар иттиҳодияҳо густариш медиҳанд. Дар ин росто, кишварҳои минтақа давоми солҳои охир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббусу иқдомҳои худро пешниҳод намуданд, ки ба ҳифзи сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд.
Ҳамаи ин кӯшишу тадбирҳо ҷиҳати табдил додани Осиёи Марказӣ ба фазои босубот, аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта ва хеле шукуфон дар ояндаи наздик гувоҳӣ медиҳад. Зеро дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва мурракиби ҷомеаи ҷаҳонӣ мо шоҳиди намунаҳои олии ҳамраъйӣ ва ҳамгироии давлатҳои “панҷгона” гардидаем. Заминаи чунин муносибатҳоро муҳокимаи боварибахш, ошкоро, созанда ва ҳалли ҳамоҳанги мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад.
16 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Вохӯрӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “Минбари он бо эътимод мавқеи худро ҳамчун иштирокдори муҳимми равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ устувор мегардонад. Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ҳамин қолаб мебошад”.
Воқеан, дар пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Ин нуктаро, Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 қайд карданд: “Стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад”. “Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви ИДМ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медона” – иброз доштанд Пешвои миллат.
Санади уҳдадории муштараки ҷонибҳоро дар пешбурди пайвастаи рӯзномаи минтақа, Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад, ки он дар асоси принсипҳои шарикии баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст. Инчунин, Консепсияи рушди ҳамкории минтақавӣ “Осиёи Марказӣ-2040” барои рушди иқтисоду тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад.
Зимни суханронии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуданд, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ намудани нақлиёти ҳавоӣ ва омехта, иқдомҳои муштараки созанда зарур аст. Дар ин робита Сарвари кишвар пешниҳод намуданд, ки фазои ягонаи нақлиётӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ ташаккул дода шавад.
Бо дарназардошти аҳаммияти рӯзафзуни иқтисоди рақамӣ ва зарурати таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар ин соҳа, Роҳбари давлатамон пешниҳод намуданд, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад. Вазифаи ин марказ таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ хоҳад буд.
Яке аз авлавиятҳои асосии ҳамкорӣ дар минтақа ин нигоҳ доштани амнияту субот мебошад. Зеро таҳдидҳои терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонанд. Вобаста ба ин Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани иқтидори сохторҳо ва идораҳои дахлдор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, пешниҳод намуданд, ки дар Осиёи Марказӣ як маркази байналмилалии инноватсия ва маориф таъсис дода шавад. Инчунин, таъкид гардид, ки барои баланд бардоштани обрую нуфузи минтақа аз мероси ғании фарҳангию таърихӣ бояд васеъ истифода шавад.
Масъалаи экологӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номида шуд, зеро тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва хокборишҳои тӯлонӣ ба амнияти озуқавории кишварҳои минтақа таъсири бевосита мерасонанд.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби сарони давлатҳо Изҳороти муштарак ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расид. Алалхусус, Муроҷиатнома ба кишварҳои узви СММ дар бораи номзадии Ҷумҳурии Қирғизистон барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ барои солҳои 2027-2028; Қарор дар бораи иштироки пурраи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ; Консепсияи амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ; Феҳристи хатарҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва чораҳои пешгирии онҳо барои солҳои 2026-2028.
Осиёи Марказӣ имрӯз ба минтақаи босубот, аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон гувоҳӣ медиҳад. Ба шарофати азму иродаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, мо шоҳиди табдил шудани ин минтақа ба фазои сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди устувор гаштаем. Дар ин росто, шароитҳои нави ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо ва дигар самтҳо пеш омадааст. Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ рушду тавсеаи муносибатҳоро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятнок мешуморад ва дар ин радиф, ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақаро муҳимтарин василаи рушди муштарак, таъмини сулҳу субот мешуморад. Махсусан, дар шароити шиддат гирифтани муносибатҳои геосиёсии ҷаҳон, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии минтақавӣ яке аз шартҳои зарурии пойдории сулҳ ва рушди боустувори давлат ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки ба рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд ва дар ин зимн, тамоми кушишу талошҳои худро ҷиҳати рушду тараққиёт, таҳкими субот ва тинҷиву оромӣ дар минтақа равона месозад.

Ф. ҲОШИМОВ ,
устоди кафедраи ҷомеашиносии
ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *