ОРОМӢ ВА СУЛҲИ СУБОТИ АФҒОНИСТОН – БА МАНФИАТИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Имрӯз дар муносибатҳои байналмилалӣ равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ-сиёсӣ афзоиш меёбанд. Масалан вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Вазъияти мураккаб ва фалокатборе, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад. Қайд кардан зарур аст, ки алҳол дар ин кишвар беш аз 20 гуруҳҳои террористи фаъолият дорад. Хулоса аз холигии ҳарбию сиёсӣ истифода бурда, қувваҳои гуногуни террористӣ, аз ҷумла, ДИИШ, Ал – Қоида ва дигар равияҳои ифротӣ мавқеъҳои худро дар Афѓонистон фаъолона мустаҳкам мекунанд. Дар пеши назари мо Афғонистон бори дигар ба макони терроризми байналмилалӣ мубаддал мешавад. Баробари ин ҳаракати “Толибон” аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар даст кашиданд. Тибқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем, ки ҳаракати «Толибон” дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд.
Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалинҳо шуда, ошкоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар сатҳи чорабинии байналмилалӣ- Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавқеи Тоҷикистонро зикр карданд. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот бар қазияи Афғонистон таваҷҷуҳи хос дода, таъкид намуданд, ки мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар (Афғонистон ) дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд. Бояд барои пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои мардуми ин кишвар бо ҳокимияти кунунии ин кишвар гуфтушунидҳо барқарор намуда, кӯмакҳои молиявии худро суроѓавӣ дареѓ надоранд ва аз коѓазу арзу баён ба амал гузаранд.Чунин нигаронӣ аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Ҳоло бояд ба ин нукта диққат дода шавад, ки бетарафии дигарбораи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Ё ба таъкиди Сарвари кишвари мо: «Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад».
Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз вазъияти вилояти Панҷшер- ягона минтақаи пурра тасарруфнашудаи Афғонистон, изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки ҳаракати «Толибон» ба ваъдаҳои худ дар ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои маскуни ин кишвар амал накарданд. Дар идома таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад. Воқеан шешниҳодҳои сулҳовари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои эътидол овардани авзои Афѓонистон такони ҷиддӣ бахшида, барои таъмини сулҳу субот дар минтақа, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши муассир ҳоҳад гузошт.

Ф. МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *