ҚОНУНГУЗОРИИ МУОСИР ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БОЯД МУСТАҲКАМ ГАРДАД!

           Дар тули чанд даҳсолаи  охир вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳаммияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд. Инчунин яке аз омилҳои асосии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили маблағгузорӣ ва пешгирии он боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Манбаъҳои гуногун, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши инсон ва қочоқи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз омилҳои асосии мусоидаткунандаи терроризм маҳсубанд. Бояд зикр кард, ки маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм мебошанд. Алҳол аз ҷониби мақомоти дахлдор дар ин самт  тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки соли сипаригардида 24 ҳолати маблағгузории терроризм дар кишвар ба қайд гирифта шуд. Дар баробари ин, 31 амали террористӣ пешгирӣ гардид.

        Таҷрибаи байналмилалӣ ва дохилидавлатии муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ барои бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд. Бинобар ин, давлатҳои муосир кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки қонунгузории миллии худро дар самти муқовимат бо терроризм ва экстремизм мустаҳкам намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаи ҳуқуқии мукаммали муқовимат бар зидди ин падидаҳои номатлуби паҳншудаи муосир фароҳам оварда шудааст. Дар даврони солҳои истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни ба терроризму экстремизм мусоидаткунанда равона гардидаанд. Аз ҷумла, чунин санадҳо ба сифати асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар ҶТ маҳсуб мегарданд:

     – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     – Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»;

     – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм»;

-– Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»;

 – Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ карда шудааст;

     – Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст;

     – Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2006, №1717 тасдиқ карда шудааст;

   – Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 тасдиқ карда шудааст;

     -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», ки  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  25 марти соли 2011, № 684 тасдиқ шудааст;

     – Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2006, №1717 тасдиқ карда шудааст;

 – Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ карда шудааст;

  – Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ карда шудааст.

        Бояд қайд намуд, ки санадҳои мазкур маҷмӯи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар ин баробар дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯйе, ки дини мубини Ислом-ро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Хулоса ҳодисаҳои рӯйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад!

Д. ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *