ОН ЧИ БАР САРИ МАРДУМИ АФҒОНИСТОН ОМАД, МОРО БЕТАРАФ ГУЗОШТА НАМЕТАВОНАД!

Аз ҷониби ҳаракати “Толибон” ишғол кардани пойтахти Ҷумҳурии исломии Афғонистон-Кобул ва дигар минтақаҳои ин кишвар барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тақдири шаҳрвандон, ки дар баробари ин гурӯҳ бо дигар созмонҳои террористӣ меҷанганд, хеле муҳим ва нигаронкунанда мегардад. Буҳрони сиёсии Афғонистон беш аз чор даҳа идома дошта, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмӯи равандҳои сиёсӣ иқтисодӣ, амнияти минтақа пайванд гардидааст. Бахусус, пас аз солҳои 90-уми асри гузашта танзими вазъи сиёсии Афғонистон ба як муаммо табдил ёфтааст. Дар пасманзари даргириҳои ин кишвари ҳамсоя, ки шурӯъ аз рӯзи 10-уми августи соли 2021 оғоз гардид. Тибқи маълумотҳо дар давоми нуҳ моҳ дар ҷангҳои Афғонистон ҳазорон нафар шаҳрвандони ғайринизомӣ кушта шуда, ҳазорон нафар бошандагони ин кишвар хонаҳои худро тарк намуда, ба давлатҳои дигар гуреза шуданд. Ин вазъ пеш аз ҳама барои занон, кӯдакон ва пирони барҷомонда бисёр сангин аст. Он чи бар сари мардуми Афғонистон омад, набояд ҷомеаи ҷаҳониро бетарафу ором гузорад. Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки Сарвари кишварамон оид ба эътидол овардани вазъи Афғонистон аввалин шуда, тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаҳои Шўрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешниҳодҳои ҷолиби Пешвои миллат садо доданд, ки аз манфиат холӣ нестанд. Воқеан ин тасмимгириҳои Президенти кишвар боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии сокинон шуда, дар баробари ин ҷиҳати баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат менамояд ва масъулияти ҷавононро дар омодагии барои ҳимояи Ватани хеш даҳчанд боло мебардорад. Онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ медоранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон хоҳанд гашт.

Р.МАНОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *