Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест!

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи мусоидат менамояд. Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои Сомалӣ, Сурия,  Туркия ,Лубнон, Ироқу Афғонистон, Нигерия, Яман, Миср ва ғайра сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд. Неруи асосии ҷангандаи онҳоро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон ба сабаби як силсила омилҳо чунин гурӯҳи иҷтимоие мебошанд, ки дар баробари ғояҳо ва рӯҳияи ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ таъсирпазир ва ҳассос ҳастанд. Таҳти таъсири ақидаҳои тундгаро ҷавонҳо ба гурӯҳҳои мазкур шомил гардида, ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, монанди қатлу ғорат кардани инсонҳо тай-ёранд. Ҳизби наҳзати исломӣ  бо иддаои доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд. Додгоҳ дар оғози ҷанги шаҳрвандии 1992-97, низ фаъолияти ин ҳизбро мамӯъ карда буд.

Кумакрасонону пуштибонони ТТЭ ҲНИ то ба имрӯз ин ҳизби терористиро маблағгузорӣ мекунанд, то садое пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситониро баланд намоянд. Аз гуфтори инҳо бармеояд, ки аллакай косаи сабрашон лабрез шудааст ва бар ивази маблағҳои додаашон ташаннуҷи авзоъро дар минтақа талаб доранд. Ҳамаи ин ба хотири манофеи шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани аҳдофи хушунатбор асту бас. Зеро аз хориҷ идора мешаванд ва талабу хостаҳои онҳоро иҷро мекунанд. Гуфтаҳову хостаҳои ТТЭ ҲНИ дигар ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ надорад, зеро он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Танҳо ҳарфу суханҳои бо макр олудаи наҳзат аст. Ҳамаи гуфтаҳои ғаразнок ва пур аз хусумат аз он шаҳодат медиҳад, ки наҳзати исломӣ аввалан, аз таҳлили илмии масъала фарсахҳо дур буда, танҳо дар чорчӯби кашидаи аҷнабиён ҳарф мезанад ва амал мекунад.  Таҷрибаи ҷомеасозии муосир собит менамояд, ки дар  шароити вусъатёбии муборизаи мафкуравӣ баҳри ба даст даровардани захираҳои моддӣ ва ақлонӣ ва ба ин васила амалигардонии манфиатҳои геополитикӣ давлатҳо  аз бисёр ҷиҳати рушди бонизом ва устувори ҷомеа ва давлат  ба омилҳои маънавӣ вобаста мебошад. То он даме, ки дар шуури ҳар як аъзои ҷамъият дарки соҳибистиқлол будан,   худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастӣ ва арҷгузори ба обу хок ва дигар муқаддасоти миллӣ ташаккул наёбанд, ба истиқлолияти комил расидани кишвар даргумон аст. Аз ин лиҳоз, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар назди илм умуман ва хоса илмҳои ҷомеашиносӣ арзи вуҷуд намудааст ташаккул додани арзишфаҳми ва интихоби арзишҳои маънавӣ мебошад.

Ҳаёти инсон ҷараёнест, ки зери таъсири омилҳои гуногун қарор дорад. Инсон дорои ақл мебошад, ки тавассути он ӯ ҳақиқатро маърифат менамояд. Баробари ин, ки ашхоси алоҳида ва ҳатто миллатҳои том баъзан бидуни ақл рафтор менамоянд.

Муаллими калони

                                                                    кафедраи ҷомеашиносӣ

                                                          донишкадаи иқтисод

                                                                     ва савдои ДДТТ Бобоев А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *