Омодагиҳо ба баргузории интихобот

Дар чорабинии тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба баргузории интихоботи Маҷлиси вакилони халқ дар ДИС ДДТТ сухани аввал ба декани факултет дотсент Баҳодуров Ҳ.И. дода шуд. Дар баромади ифтитоҳии худ мавсуф қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 12-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва қарори комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 2 январи соли 2020, №5 «Дар бораи ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум» комиссия дар ҷаласаи нахуст масъалаи интихоби ҳайати роҳбарикунандаи комиссияро баррасӣ намуданд. Навбатдорӣ тибқи ҷадвали тасдиқшуда бояд ба роҳ монда шавад. Дар ҳолати зарурӣ аъзоёни комиссия ҳавзаи интихоби рӯзи якшанбе ба кор ҷалб карда мешаванд.Таъкид намуд, ки дар ҳолати ба миён омадани ягон масъалаи корӣ ва ё оилавӣ ва дигар бо сабабҳои муаяйн пеш аз оѓози навбатдорӣ ба котиби комиссияи ҳавзаи интихоботӣ хабар дода шавад.

Манонова З. – мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ зимни суханронӣ қайд намуд, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоби навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, рӯзи 1 марти соли 2020, даъвати шашум баргузор мегардад. Таъкид намуд, ки интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар бо хотири рушду ободонии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятро тақозо мекунад.

Зимни суханрониаш қайд намуд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дарпешистода мо вазифадорем, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботи участкавӣ дастури саривақтӣ дода, дар ин самт назорат бурда, корҳои ташкилиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем. Бо баробари ин, таъкид шуд, ки ҳар аъзои комиссияи ҳавзавӣ, бояд бо назардошти Нақшаи чорабинӣ бо масъулияти баланд дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузории чорабинии дарпешистода, фаъолияти хешро самаранок ба роҳ монда, вазифаашонро  софдилона иҷро намоянд.

Профессор Абдумавлон Азимов дар баромади худ қайд кард, ки навбатдорӣ тибқи ҷадвали тасдиқшуда бояд ба роҳ монда шавад. Мувофиқи талаботи қонуни мазкур ва ваколатҳои дигарро Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Таъкид шуд, ки дар чорчӯбаи конунҳои зикршуда ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳавзаи интихоботӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст. Дар интиҳои суханрониаш аз шунавандагони ҳавзаи интихоботӣ хоҳиш кард, ки сарҷамъона вазифаи хешро иҷро намуда, чорабинии сиёсӣ, ки санаи 1 марти соли 2020 баргузор мегардад дар сатҳи баланди ташкили гузаронида шавад. Дар ҳолати зарурӣ аъзоёни комиссия ҳавзаи интихоби рӯзи якшанбе ба кор ҷалб карда мешаванд.

Дар интиҳои ҷаласа ба кулли шунавандагони ҳавзаҳои интихоботӣ таъкид карданд, ки ҳама вақт бо тариқи телефонҳои мобилӣ дар тамос будан омода бошанд. Ин ҳолат ба беҳбудии кор аст ва он барои ҳаллу фасли масъалаҳои фаврӣ мусоидат ҳоҳад намуд.

 

 

 

       Муовини декан оид ба илм:                        Манонова Р.А.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *