

Мо тавассути васоити ахбори омма огаҳ ҳастем, ки имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Кишварҳои абарқудрати ғарб, ки ба ҳамагон он маълум аст, барои ба даст овардани манфиатҳои геополитикии худ аз ягон амали ғайриқонунӣ даст намекашанд. Масалан муноқишаи байни Фаластину Исроил мисол меорем, ки эҳтимол меравад, ин даргирии низомӣ ба калонтарин ва хунинтарин даргирии арабу исроил дар 50 соли охир мубаддал гардад. Бояд қайд кард,ки аз сабаби ин ҳаводис тақрибан 700 ҳазор фаластинӣ, ниме аз аҳолии араби Фаластин (он замон зери идораи Бритониё) фирор карданд ё аз хонаҳояшон ронда шуданд. Онҳо дар Урдун, Либия, Сурия ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ ҷой гирифтанд. Феълан ҳудуди 5,6 миллион паноҳҷӯи фаластинӣ дар Урдун, Лубнон, Сурия, Каронаи Ғарбии ишғолшуда ва Ғазза зиндагӣ мекунанд. Онҳо насли паноҳҷӯёне ҳастанд, ки ҳанӯз соли 1948 аз Фаластин фирор кардаанд. Ба иттилоти Вазорати корҳои хориҷии Фаластин, тақрибан нисфе аз гурезаҳои сабтиномшуда шаҳрвандӣ надоранд ва бисёре аз онҳо дар урдугоҳҳои пуродам ба сар мебаранд.
Имруз теъдоди қурбониёни ҳарду ҷониб торафт зиёд гардадида, вазъи марги мардуми осоишта торафт даҳшатовартар менамояд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти дигарро фаромӯш карда, кӯшиш дорад, ки ҷанги васеъмиқёсро дар Шарқи Наздик пешгирӣ кунад. Ва дар ҳоле, ки ҷангиёни Ҳамос ва артиши Исроил ба куштори ҳамдигар идома медиҳанд ва дар нишасти изтирории Созмони Милали Муттаҳид барои ҳалли вазъ бо натиҷа бояд талош кунад. Хулоса, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба вазъияти сиёсии давлатҳои зикршуда, бахусус Фаластин бетараф бошад!
М. МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ