Дар ДИС ДДТТ бахшида ба Рӯзи бузургдошти Омӯзгор чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Зимни табрикоти самимӣ директори ДИС ДДТТ, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода бо овардани суханони ибратомӯзи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон чун иди касбии омӯзгорон – Рӯзи муаллим ва 5 –уми октябр ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ботантана қайд карда мешавад. Имсол таҷлили ин ҷашнҳои фархунда ба рӯзҳое рост омад, ки тамоми мардуми сарбаланди диёрамон дар рӯҳияи болидаву дили саршори пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат 29-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, меҳру садоқати бепоёни худро ба халқу Ватан намоиш доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон заҳмати пурмасъулияти тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр карда, таъкид доштанд: “Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд”.
Сипас барномаи идонаи донишҷӯён бо табрикот, қироати шеър ва сурудҳои дилнишин пешкаш карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар Рӯзи Омӯзгор 24 нафар устодони донишкада ба ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуда, ду нафар устодон барои сарбаландона дифоъ намудани рисолаи номзадӣ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин бахшида ба иди касбӣ ҳамаи устодон ва кормандони донишкада бо маблағи пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҷашни Рӯзи омӯзгор дар донишкада дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.