Олимпиадаи фаннии даври 1-ум аз фанни молия, муомилоти пулӣ ва қарз

Санаи 8-уми октябри соли 2021 аз тарафи устодони кафедраи молия ва қарз олимпиадаи фаннии даври 1-ум аз фанни молия, муомилоти пулӣ ва қарз барои курсҳои 3 ва 4-уми гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русии ихтисосҳои марбути кафедра: молия ва қарз дар ФИБ, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ дар бинои таълимии 3, толори лексионии якуми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид

Олимпиадаи фанниро декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ н.и.и., дотсент Ҳакимзода М.М., муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ н.и.ф., дотсент Манонова Р. ва мудири кафедраи молия ва қарз н.и.и., дотсент Раҳматова З.И. ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиён бурдбориҳо ва комёбиҳоро таманно намуданд.

Дар олимпиада 87 нафар донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-ум иштирок намуданд. Барои ба дараҷаи баланд ва сари вақт гузаронидани олимпиадаи фаннӣ саҳми устодони кафедраи молия ва қарз беназир буд, аз он ҷумла: шахсони муттасадӣ муаллимаи калони кафедра Абдухамидова Г.М., ассистент Қодирова Ш., инчунин н.и.и., муаллимаи калон Мӯминова Н.Р., Ҳафизова Р.А., Аҳмадҷонова Р.С., Абдурашидова М.А., ассистентон Ибодуллоева Ф.Д., Раҳмонова М., Қурбонов Ф. мебошанд.

Маводҳои олимпиадаи фаннӣ аз 15 саволҳои тестӣ, 2 саволҳои хаттӣ ва 3 масъала дар 3 вариант ва бо ду забон омода гардиданд.
Кафедраи молия ва қарз иқдом намуд, ки ғолибони олимпиадаро пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои он ҳавасманд намояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *