Мӯҳтарам раёсат, меҳмонони арҷманд, устодон, донишҷӯёни азиз. Зиндагиномаи академик Муҳаммад Осимӣ китоби бузургеро мемонад, ки дар он корнамоӣ, ҷонфидоию қаҳрамониҳои намоён инъикос ёфтааст.
Академик Муҳаммад Осимӣ олими бузург, ташкилотчии беҳамтои илм ва арбоби намоёни сиёсиву ҷамъиятӣ буданд. Он кас 1-уми сентябри соли 1920 дар Хуҷанд таваллуд шудаанд. Солҳои 1934-37 дар факултаи коргарии Институти хоҷагии қишлоқи Хуҷанд (РАБФАК) ва солҳои 1937-41 дар факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи ба номи Алишер Навоии Самарқанд таҳсил намудаанд. Баробари таҳсил дар донишгоҳ дар мактаби миёнаи рақами 5-уми шаҳри Самарқанд фанҳои физикаю математикаро таълим додаанд.
Муҳаммад Осимӣ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд, дар фронти Ленинград (ҳозира шаҳри Санкт-Петербург) дар набардҳо ҷонфидоӣ намудаанд, маҷруҳ шудаанд. Баъди бозгашт ба Ватан дар Институти давлатии педагогии Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Fафуров) дар вазифаҳои мудири кафедра, ҷонишини директор фаъолият менамоянд. Солҳои 1952–1955 дар аспирантураи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда, дар мавзӯи “Фазо ва вақт шаклҳои асосии модда (материя)” рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя кардаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои муҳандисию техникӣ хеле ниёзманд буд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 1956 доир ба таъсиси Институти давлатии политехникии Тоҷикистон қарор бароварда, Муҳаммад Осимро директори он таъин менамояд. Донишманди ва қобилияти баланди ташкилотчигии М. Осимӣ дар вазифаи директори институти мазкур зоҳир мегардад. Дар муддати шаш сол ба ҳайси директори аввалини ин донишкада корҳои хеле муҳимро барои тайёр кардани кадрҳои техникии Тоҷикистон, хоса аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ, анҷом додаанд. Ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамари устодон, зиндагӣ ва таҳсили хуби донишҷӯён биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо бунёд ёфта, шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Моҳи феврали соли 1962 Муҳаммад Осимӣ ба вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурӣ таъин мегарданд. Дар як мӯҳлати кӯтоҳ рушди соҳаи маориф, таҳкими базаи мактаби миёна, ҷалби духтарони минтақаҳои кӯҳистон барои таҳсил дар мактабҳои олӣ вусъат ёфт. Охири соли 1962 М. Осимӣ ба вазифаи хеле масъулиятнок раиси кумитаи назорати партиявию давлатӣ интихоб шуда, ҳамзамон вазифаҳои котиби Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳуриро дар ӯҳда доштанд. Дар муддати се соли фаъолият дар ин вазифаҳо М. Осимӣ корҳои назорати ҳизбию давлатиро ба таври боистанӣ ба роҳ монда, барои ҳалли одилонаи масъалаҳо, иҷрои софдилонаи қарорҳои давлату ҳукумати ҷумҳурӣ хидматҳои шоиста ба анҷом расониданд.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки илму фарҳанг аз омилҳои бузурги тараққиёти ҷамъият ба шумор мераванд. Ин ҳақиқати бебаҳсро сарварон ва арбобони сиёсиву давлатӣ хуб медонистанд. Бинобар он, соли 1965 Муҳаммад Осимиро, ки таҷрибаи хуби илмӣ низ доштанд, ба вазифаи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб менамоянд.
Академик Муҳаммад Осимӣ корҳои наҷиби устодонашон собиқ президенти Академияи Тоҷикистон устод С. Айнӣ, академик С. Умаровро давом дода, (солҳои 1965 то 1988) 23 сол Академияи илмҳои Тоҷикистонро роҳбарӣ карда, онро ба зинаи баланди тараққиёт расониданд. Дар Академия институту шӯъбаҳои нави илмию тадқиқотӣ ташаккул ёфтанд. Аз ҷумлаи онҳо Институти биологии Помир, Институти шарқшиносӣ, Институти фалсафа ва ҳуқуқ, Институти математика бо маркази ҳисоб, Шӯъбаи генетикаи пахта, Шӯъбаи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва монанди инҳо. Академияи илмҳои Тоҷикистон на танҳо дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчунин дар миқёси байналмилалӣ обрӯю эътибори калон пайдо кард.
Олимони тоҷик ба кашфиётҳои беназир ноил гаштанд. Баъзе олимон дар барномаи ниҳоят муҳими интеркосмос ва тадқиқоти фазои кайҳону парвозҳои кайҳонӣ иштирок намуданд. Аз комёбиҳои намоёни табиатшиносон ин буд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ саҳми калон гузоштанд. Кормандони Институти зоология ва паразитология бо сарварии академик М. Нарзиқулов истифодаи нави мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, усули интегративӣ, яъне муборизаи биологӣ бар зидди ҳашароти зараррасонро ихтироъ карданд, ки ин натанҳо аҳамияти илмӣ, инчунин аҳамияти калони экологӣ ва иқтисодӣ дошт. Барои ин комёбии илмӣ академик М. Нарзиқулов бо ҳаммаслаконашон ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ноил гаштанд.
Кормандони илмии Институти физиология ва биофизика бо роҳбарии академик Ю. С. Носиров усули бо пардаҳои полиэтиленӣ рӯпӯш кардани болои палҳои сабзавотро ёфта, тамоми фаслҳои сол парвариш ва рӯёнидани ҳосили сабзавотро ба роҳ монданд. Ин усул дар хоҷагиҳои Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ паҳн шудааст.
Институти химия дар як панҷсола 163 шаҳодатномаи муаллифию ихтироъкорӣ гирифтааст. Олимон бо усул ва роҳҳои истеҳсоли металли тоза машғул шуда, дар ин ҷабҳа ба комёбии беназир ноил гаштанд. Заводи алюмини ш.Турсунзода дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ корхонаест, ки алюмини аз ҳама тоза истеҳсол мекард ва дар ин бобат саҳми олимони Институти химия калон аст. Институти химия бо корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ ҳамкории зич пайдо карда буд. Вай барои комбинати шоҳибофии Хуҷанд рангҳои нодир ихтироъ карда, ба матоъҳо натанҳо рангҳои зебо, ҳамчунин, хусусияти бадоштӣ бахшидааст.
Олимони Институти астрофизика дар омӯхтани физикаи метеорҳо ва кометаҳо дар миқёси олимони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол намуданд. База – заминаҳо, шароити илмӣ-тадқиқотии астрофизикҳо хеле мустаҳкам гашт, онҳо ба асбобҳои дақиқи илмӣ соҳиб шуданд. Кормандони Институти зилзилашиносӣ ва сохтмони зилзилабардор харитаи мавзеъҳои зилзилаи Тоҷикистонро таҳия намуданд ва дар масъалаи пешгӯии зилзила ва сохтмони зилзилабардор корҳои зиёде ва муфидро ба анҷом расониданд. Биологҳо, баробари омӯхтани олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон, роҳҳои бой гардонидани онҳоро ҷустӯҷӯ намуданд. Онҳо, ҳамчунин, роҳҳои ба боғу ҷангалзор табдил додани пасткӯҳҳо ва доманакӯҳҳоро омӯхтанд, ки ҳам аҳамияти калони илмӣ ва ҳам амаливу иқтисодӣ дошт.
Институтҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Институти фалсафа ва ҳуқуқи ба номи А. М. Баҳоваддинов ба таҳқиқи қонунҳои тараққиёти ҷамъият, ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, таърихи фалсафаи тоҷик аз қадим то асри XX машғул гашта, китобҳои бунёдӣ эҷод кардааст. Муаррихони институти таърих доир ба таърихи халқи тоҷик асари бунёдии 5-ҷилда навиштанд. Археологҳо дар раванди ҳафриётҳо дар сарзамини Тоҷикистон бозёфтҳои нодир ба даст оварданд, ки аз таърих, санъат ва маданияти хеле қадим ва бои халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳанд. Онҳо ҳоло зебу зиннати осорхонаҳои кишварамон гаштаанд.
Суханшиносон таърихи забон ва адабиёти тоҷикро омӯхта, асарҳои муҳим доир ба адабиётшиносӣ, грамматика, забони тоҷикӣ, фолклор, луғати тафсирии дуҷилдаи забони адабии тоҷик, луғати калони русӣ-тоҷикӣ, таърихи дуҷилдаи адабиёти советии тоҷикро чоп намуданд. Ходимони илмии Институти шарқшиносӣ таърихи бисёрҷилдаи адабиёти оламшумули тоҷику форс ва дастхатҳоро манзури хонандагон намуданд.
Базаи илмию тадқиқотии Академия пайваста мустаҳкам гашт, тайёр кардани кадрҳои илмӣ вусъат ёфтанд. Барои институтҳо биноҳои нав сохта шуданд. Лаборатория, санҷишгоҳҳои институтҳо бо асбобу таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гаштанд. Дар Академия миқдори соҳибунвонҳои илм ба ҳазор нафар расид. Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кохи бузурги илму фарҳанг, маркрази табиятгоҳи мутахассисони илми баландмақом ба қувваи муқтадири пешбарандаи ҷомеа мубаддал гашт.
Академик Муҳаммад Осимӣ баробари иҷрои вазифаи расмӣ – президенти Академия, ҳамзамон бисёр дигар вазифаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, ҳамчун олими забардаст, нуктасанҷ ва пуркор аз худ мероси бой ва гаронбаҳои илмӣ боқӣ гузоштаанд. Ба қалами эшон зиёда аз 500 асар, рисола, китоюҳои дарсӣ ва мақолаҳо тааллуқ доранд. Онҳо ба мавзӯъҳои фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафа, илмшиносӣ, таърихи илм, фарҳангшиносӣ бахшида шудаанд.
Фаъолияти илмӣ ва ташкилотчигии академик М. Осимӣ дар доираи илму фарҳанг, ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии ҷумҳуриву Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдуд нагашта, берун аз он густариш меёбад. Нақши академик М. Осимӣ дар ривоҷу равнақи робитаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа хеле назаррас аст.
Дар нимаи дуюми асри XX илми тоҷик бо ЮНЕСКО – ташкилоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид доир ба маориф, илм ва фарҳанг робитаи хуб пайдо намуд. Ҳанӯз солҳои 70-уми асри XX бо ташаббуси академик Б. Ғафуров дар дохили ЮНЕСКО Ассотсиатсияи омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ таъсис ёфта буд. Академик Б. Ғафуров аввалин президенти ин созмон интихоб шуда буданд. Сипас, ин вазифа ба дӯши академик М. Осимӣ вогузошта шуд. Дар ин созмон намояндагони ҳашт кишвар: Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС), Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон ҳузур доштанд. Ин созмон навиштани таърихи тамаддуни Осиёи Марказиро дар ҳаҷми шаш ҷилд китоб ба нақша мегирад. Бо сарварии академик М. Осимӣ ва иштироки олимони маъруфи Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, баъзе муаррихони намоёни Аврупо ин осори муҳим эҷод мегардад. ЮНЕСКО китоби дигари шашҷилдаи “Таърихи инкишофи илму фарҳанги башарият”-ро ба нақша мегирад, ки академик М. Осимӣ яке аз муҳаррирони он интихоб мегарданд.
Таҷриба ва вусъати назари илмӣ ва тадқиқотии пурсамари академик М. Осимӣ имкон дод, ки эшон боз дар дигар доираҳои бонуфузи илми хориҷӣ ба ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои “Осиёи Марказӣ”, (Покистон) ”Таърихи илм” (Ҳиндустон) ва “Таърихи илми араб”- и (Донишгоҳи Ҳалаби Сурия) пазируфта шаванд. Ин ҳама боиси ифтихори тоҷикону тоҷикистониён маҳсуб меёфт.
Дигар аз хизматҳои намоёни академик М. Осимӣ соли 1990 таъсис додани ҷамъияти тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон бо номи “Пайванд” мебошад. Академик М. Осимӣ, азбаски шахси ҷаҳонгашта буданд, сафарҳои зиёде ба кишварҳои Осиёву Аврупо ва Амрико ва Африқо доштанд, ҷамъияти мазкурро бомуваффақият ташкил намуданд. Ҳамчунин, шӯъбаҳои ҷамъияти “Пайванд” дар бисёр дигар кишварҳо, аз ҷумла Франсия, Англия, Хитой, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон таъсис ёфта буданд. Вале, дар он солҳо вазъияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон хеле мураккаб гашта, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашта буд.
Сарфи назар аз ин, дар Душанбе бо сарварии академик М. Осимӣ якчанд форуми тоҷикони ҷаҳон баргузор шуд, барои барқарор ва таҳкими робитаҳои фарҳангию илмӣ ва дӯстии тоҷикони ҷаҳон мусоидат намуданд. Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази тоҷикони ҷаҳон, хонаи умеди тоҷикистониён эътироф гашт. Бисёре аз меҳмонҳо доир ба ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ шартномаҳо бастанд. Созмони “Пайванд” ҳамвора фаъолияти худро барои барқарор кардани сулҳу салоҳ, ваҳдату дӯстӣ, ба ватан баргардонидани фирориён нигаронида буд.
Академик М. Осимӣ дар кори эҳёи суннатҳои наҷиби миллӣ, бузургдошти гузаштагон, ҷашнгирии зодрӯзи мутафаккирон, намояндагони бузурги илму фарҳанг ва адабиёти оламшумули тоҷику форс хизматҳои шоиста намуданд. Ин ҷашнвораҳо аҳамияти калони маърифатӣ, сиёсӣ, худшиносии миллӣ доштанд. Бо ибтикори академик Мухаммад Осимӣ ҷашнҳо бузургдошти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Борбади Марвазӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Садриддин Айнӣ, Абулкосим Лоҳутӣ, Муҳаммад Иқбол дар сатҳи баланд таҷлил гаштанд. Азбаски тамаддуни кадими тоҷик ба таърих ва фарҳанги Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон алоқаманд аст, ҷашнгирии бузургон барои таҳкими робитаҳои илмию фарҳангӣ ва дӯстии халқҳо аҳамияти калон дошт.
Аз ҷумлаи дигар хидматҳои намоёни академик М. Осимӣ эҷод ва нашри Энсиклопедияи Советии Тоҷик дар ҳашт ҷилд бо забони тоҷикӣ ва як ҷилди умумӣ бо забони русӣ мебошад. Энсиклопедияи Советии Тоҷик дар миёни энсиклопедони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷиҳати ҳам шаклу ҳам мазмун аз беҳтарин энсиклопедияҳо эътироф гашт.
Академик М. Осимӣ барои ҷонфидоӣ, қаҳрамонӣ дар майдони набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми бузург дар тараққиёти илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чандин ордену медалҳо – ду ордени Ҷанги Бузурги Ватании дараҷаи якум, медалҳо барои ҳимояи Ленинград, “Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945”, ордени Ситораи Сурх, ду ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Револютсияи Октябр, ордени Нишони Фахрӣ, Грамотаи Фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шуданд. Ҳамчунин, барои ташкили робитаҳои илмӣ ва дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Ҳиндустон бо мукофоти байналмилалии Ҷавоҳирлол Неҳру сарфароз гаштанд.
Академик М. Осимӣ бо Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, арбоби бузурги сиёсиву ҷамъиятӣ, илму фарҳанг Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода паҳлӯ ба паҳлӯ истода, барои тараққиёти Ҷумҳурии маҳбубамон хизматҳои намоён ва шоиста карда, номи некӯву ҷовидонаро ба даст овардаанд.
Донишҷӯёни азиз, мо орзумандем, ки Шумоён ба таври боистанӣ дар хониш ва ва дониши илмҳои тахасуӣ муваффақ гашта, мутахассисони варзида мешавед. Мо аминем, ки Шумоён номбардори ҳақиқии академик М.Осимӣ ва пайравони асили Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуда, баҳри шукуфоии кишвари азизамон хидматҳои шоиста менамояд.
Ба таваҷҷӯҳатон ташаккур.
Мақсудҷон МИРБОБОЕВ,
профессори ДИС ДДТТ, собиқ ёвари президенти АИ М. Осимӣ