Ғолибият насиби дастаи ДИС ДДТТ гардид!

Аз 6 то 13-уми моҳи октябр байни устодони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Дастаи яккачини устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд, бар ҳамаи ҳарифони хеш бартарӣ нишон дода, дар ин мусобиқаи бонуфуз ғолиб омад. Бозии аввали худро дастаи ДИС ДДТТ бо дастаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров гузаронида бар ҳисоби калони 5-3 ғолибият ба даст овард. Ҳамзамон дастаи ДИС ДДТТ боз ду бозии дигар анҷом дода, дастаи донишкадаи политехникии ДПТ ба номи академик М. Осимиро бо ҳисоби 1-0 ва бо ҳисоби 5-3 дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро шикаст дод. Дар маҷмӯъ бо гузаронидани се бозӣ дастаи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ҳамаи давраҳои мусобиқа ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал ва Ҷоми мусобиқа гардид.

Аз ҷониби ташаббускорони мусобиқаи мазкур ба аъзоёни дастаи футболбозони донишкада тӯҳфаҳои хотиравӣ, медал ва мукофотҳо тақдим карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки дастаи устодони футболбози донишкада на бори аввал, балки чандин маротиба дар чунин мусобиқоти сатҳи баланд иштироки фаъолона намуда, ғолибиятро соҳиб гаштаанд.
Бояд қайд кард, ки дар омодагии хуб гирифтани даста саҳми устодони варзиши донишкада бағоят калон буда, онҳо то оғози мусобиқа барои иштироки бозингарон мунтазам тамринҳо гузаронида, аъзоёни дастаи яккачинро интихоб намуданд.
Ҳамзамон, дарвозабони дастаи донишкада Ҳусенов Н. ҳамчун дарвозабони беҳтарини мусобиқа ва нимҳимоятгари даста Акназаров К. беҳтарин бозингар эътироф гардиданд.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дастаи устодони футболбози донишкадаро ба ин ғолибият сидқан шодбош гуфта, бо сари баланду ифтихор аз эшон пазироӣ карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *