ОФТОБРО БО ДОМАН ПӮШИДА НАМЕШАВАД!

Мутаассифона, санаҳои 14-16 сентябри соли равон, дар ҳаводиси муноқишаҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон ба хунрезиву қасди ҷони ҳамдигар оварда расонид, ки албатта ин оқибати хуб надорад. Пайомади ин гуна нофаҳмиву задухӯрдҳоро мо бо чашми басир мушоҳида намудем. Вале, имрӯзҳо раҳбарияту бархе мардуми роҳгумзадаи Қирғизистон тавассути расонаҳои гуногун, алалхусус тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бардурӯғ паҳн карда, тамоми айбро ба тарафи кишвари ҳамсоя мегузаронанд. Бо ин васила, худро мусичаи бегуноҳ мешуморанд. Вале, ҳақиқати ҳол дигар аст. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад. Бо гуфти мардумӣ муйро аз хамир ҷудо намуда, чанд маълумотҳоро овардан зурур, ки туҳмат будани  маълумоти беасосро исбот мекунанд. Чунончӣ, бо дарназардошти хабарҳои ВАО қайд менамоем, ки пеш аз оғози амалимёти навбати  қирғиз, яъне дар рӯзи оғоз шудани низоъ 137000 нафар сокинони наздисарҳадии Қирғизистон аз манотиқи марзӣ кӯчонида шуданд, ки ин  аз омодагии ҷиддӣ дидани сарҳадбонони қирғиз далолат мекунад. Шоҳидони ҳол ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинро дидаанд, ки боиси марги теъдоди зиёди одамон дар қаламрави Тоҷикистон шудааст. Баробари ин, ёдовар шуд, ки қаблан аз ҷониби Қирғизистон барои амалӣ намудани нияти бадхоҳи навбатиаш ҳавопаймоҳои бесарнишини аз Турсия харидорӣ намуда буданд.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон дар ҳалли масоил оид  бамуноқиша таҷриба дорад ва чанд сол боз бо истифода аз ин таҷриба ба Қирғизистон барои ҳалли низоъ як қатор пешниҳодҳо манзур намудааст. Вале, раҳбарияти кирғиз посухи амиқ намедиҳанд. Яъне, барои ҳалли низоъ талош намекунанд ва ин аз ҳадафи ғаразнокашон далолат мекунад. Баробари ин, дар элитаи сиёсии кишвари ҳамсоя як навъ норавшанӣ ё ки итоат накардан ба баъзе фармонҳои Сарвари давлат ба мушоҳида мешавад. Ин ҳолат ба ҳалли низоъ монегӣ зоҳир менамояд, ки дар натиҷа ба монанди ҳаводиси моҳи апрели соли гузашта, каме бо шакли дигар дар моҳи сентябри соли ҷорӣ рух дод. Доир ба ин ҳодисаи навбатӣ суолҳо ба миён меояд! Кӯдакони хурдсол ва модарони фавтида чӣ гуноҳ доштанд? Ё сабаби куштани онҳое, ки барои адои маросими дини мубини Ислом ба масҷид омаданд, дар чист? Вайрон шудани манзилҳои сокинони осоишта, чӣ метавон номид? Хулоса, саволҳо зиёданд ва вақти посухи саволҳо аллакай расидааст. Ба андешаи мо, бо мардуми маҳаллӣ ва роҳбарони онҳо суҳбат кардан хеле зарур аст. Вақти он расидааст, ки бо чунин андешаҳо диққати ҷиддӣ диҳем, биёед аз масъала дар канор нашавем. Сухани мутафаккирони худро, ки дар бораи ба халқи худ гузоштани корҳои нек фаромуш накунем. Қабл аз қабули қарори сиёсӣ бояд хуб ва дурандешона фикр кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати “дарҳои боз” бо ҳама давлатҳои минтақаву ҷаҳон, ки хоҳиши ҳамкории беғаразона доранд робитаи судманди тарафайн ва муносибати хуби дипломатӣ барқарор кардан дорад. Ногуфта намонад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон аз аввал давлатҳои бо ҳам дўсту бародар ва ҳамсояи қарин буданд, аммо роҳбарияти феълии ҷониби Қирғизистон имрӯзҳо бо ҳар гуна баҳонаву даъво теша ба решаи чунин робитаҳои дӯстона мезананд. Албатта, муноқишаҳое, ки дар марз сар зада истодаанд сабаби сард гаштани муносибатҳои тарафайн гаштанашон имконпазир аст. Муносибатҳои сардгаштаи ду ҳамсоя мустақиман ба тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ду кишвар таъсиргузор хоҳад шуд.

         Ҷониби Бишкекро зарур аст, ки ба вазъи сиёсӣ-иҷтимоии минтақа дуруст баҳо диҳад. Зеро дар раванди зудтағйирёбандаи замони муосир ҳар як нофаҳмӣ агар дар вақташ ҳалли худро наёбад, ба сарчашмаи калони низоъ дар минтақа оварданаш имконпазир мебошад ва ин чиз зидди манофеи тарафайни ду кишвар буда, паёмадҳои нохушро думболагирӣ хоҳад кард, ки таҷрибаи амалиашро мо дар давлатҳои Миср, Сурия, Ироқ, Тунис, Лубнон ва  Афғонистон дидем.

       Дар фарҷоми андешаи хеш таъкид менамоем, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд аз роҳҳои созанда кор гирифт, зеро ки мардуми тоҷику қирғиз бо ҳам дўсту бародар ҳастанд ва рафтуомад доранд, аммо, баъзан чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд ва иллати нигаронии ҷонибҳо мешаванд. Мо тоҷикон ҳамеша ҷӯёи дӯстӣ, оини бародарӣ, якдилӣ ва ҳамбастагӣ будем, ҳастем ва дар оянда низ чунин хоҳем монд.

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як иддао ва даъвову амалкардҳои ҷониби Қирғизистонро як сӯ намегузорад, дар ин масъала мавқеи Тоҷикистон устувор аст ва доимо талош меварзад, ки масъала бо роҳи гуфтушуниду якдигарфаҳмӣ ва хоса ба манфиати тарафайн дар ояндаи наздик ҳалли худро ёбад.

         Д.ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *