ОФТОБРО БО ДОМАН ПӮШИДА НАМЕШАВАД !

Таҳаввулоти ахире, ки дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон ба миён омад, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз як тараф, ин рӯйдод ба гунае ғайричашмдошт ба вуқуъ пайваст ва аз тарафи дигар, андешаҳои гуногунро дар мавриди ояндаи Афғонистон, ақаллиятҳои миллӣ ва умуман, ба чӣ анҷом ёфтани кори як мушт авбошӣ ба сари давлат омада эҷод кардааст. Бо он ки ғасбкориҳои ҳаракти “Толибон” ба мураккаб шудани вазъ дар кишвар, баъзе ашхос ба мисоли Кабирӣ ин ҳолатро истифода бурда, бо таври гуд баҳогузорӣ намуда, бо ин роҳ мехоҳад ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати муносибати байни Тоҷикистону Афғонистонро дигар созад, худро ҳомии дини ислом вонамуд кунад, нишон диҳад, ки маҳз барои пуштибонӣ аз ислом мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо.

Кабирию дигар ҳаммаслаконаш имрӯз дар кишвари Аврупо пагноҳу пуштибонӣ ёфта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ асосан дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ” бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофад. Воқеан ягона роҳ барои фаъолияти имрӯзаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки Кабирӣ аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодааст. Амалҳои ин беватан, ки ӯро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартояд. Ин кӯри фонусбадаст мехоҳад, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунад. Воқеан офтобро бо доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама хуб медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ва пайравону аъзоёни он, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд!

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти кишвари азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвар талош варзанд.

 

                              М. ФАЙЗИЕВ ,

ассистенти кафедраи математекаи олӣ

ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *