Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки ин боз як қадами устувор барои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, роҳбарияти давлат дар фикри ҷалби сармоя ва кӯмакҳои бештари хориҷӣ, бахусус дар бахши туризм мебошад. Тоҷикистон бахши сайёҳиро як имконияти дигари ҷалби сармояҳо қарор додаст, то ки бо ин васила мамлакатро боз ҳам ободу зебо гардонад.
Ҳодисаи мудҳише ки бо сайёҳони хориҷӣ дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара рух дод, тамоми халќи тоҷикро ғамгин кард ва барои тоҷикистониён хеле нанговар мебошад. Аз ҷониби гурўҳи ҷинояткор ба ҳалокат расонидани чанд нафар сайёҳон хеле ҳодисаи нангин буда, чун амали террористӣ маҳсуб меёбад. Ин амали ноҷавонмардонаи душманони миллат обрўю эътибори кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ коста гардониданаш аз эътибор холӣ нест. Ҳамарўза дар саросари кишвари азизамон ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб ва ғайриќонунӣ мунтазам тадбирҳои зиёди сиёсию ҳуќуќӣ ва тарғиботӣ гузаронида мешавад, ки барои кам кардани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат мекунад.
Амали номатлуб ва хоинонаи гурўҳи ҷинояткор бори дигар тамоми халќи тоҷикро ҳушдор намуд, ки байни мо ҳоло ҳам одамоне ҳастанд, ки тинҷиву оромии Тоҷикистонро намехоҳанд, мекўшанд бо ҳар гуна амалу рафтор халалдор шаванд. Ҷоиз ба ќайд аст, ки кишвари азизи мо рўз аз рўз дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои зиёд ноил гардида истодааст, байни давлатҳои тамоми ҷаҳон обрўю нуфузаш афзун мешавад, дар ҳаёту зиндагии халќ сулҳу субот танинандоз аст, аз ҷониби ҳукумату давалат баҳри беҳбудии ҳаёту фаъолияти шаҳрвандон шароитҳои мусоид фароҳам буда, ҳуќуќу озодиҳои онҳо кафолат дода шудааст. Инчунин, мустаҳкам шудани муносибатҳои байналхалќӣ ва зиёд шудани давлатҳои дўсту ҳамкор душманони халќро ба ваҷъ овардааст. Онҳо бо ҳар восита ҳар лаҳзаи ҳаёту зиндагии хушбахтона ва осоиштаи миллатро помол карданӣ мешаванд. Лекин падидаҳои номатлуб ва амалҳои ғаразонаю нопок ҳеҷ гоҳ маќсадрасон нест.
Мо устодони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ ин амали ҷинояткорона ва рафтори ношоистаро маҳкум мекунем. Ҳамарўза кўшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон корбарӣ намуда, ҳисси ватандўстӣ, инсондўстӣ ва ваҳдатгароии онҳоро устувор гардонем, то ки ҳар яки онҳо ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти кишвар ҳиссагузор бошанд.
Бобоев С. А.
мудири кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ