ОБРӮЮ ЭЪТИБОРИ ХУДРО ПАСТ НАЗАНЕД!!!

                        

Имрўзҳо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди Ҳизби Наҳзати ислом, Анҷумани озоданшеии Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои пайдо шуданд, ки аз нооромиву ҳодисаҳои хатари кишвари мо ҳарф мезананд. Ашхоси дурӯя, хоин ва онҳое, ки бо андешахои бад нисбат ба давлат ва миллат доранд, бо анҷумане яке бо ном “озодандешон” ва дигар Гуруҳи 24 таъсис дода, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд.  Баҳсу мунозираҳо намуда, амалҳои бемазмуну бемавридро баен менамоянд. Ин гурух одамон, мехоханд мардумро ҷалб суи терроризм ва экстремизм намоянд. Шахсони бо ном “озодандешон” ва дигар ифротгароён намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст, аммо баръакси ҳол, яъне шахси фитнаангез доғи дили падару модар, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошад. Хуб мешуд, ки ба ҷойи ин корҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд. Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки шахси солимақл, ки барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш чунин амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату халқ  ҳатман ҷавоб хоҳад дод!

                                                                                         Дилафрӯз Ҳомидова

                                                корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *