Об барои рушди устувор, 2018-2028


Дар партави Паём ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалигардонии Барномаву супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2016., таҳти рақами 05/1489, оид ба гузаронидани ҷаласаи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни макотиби олӣ дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд санаи 3-юми январи соли 2017, соати 13:00 дар донишкада бахшида дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, 2018-2028» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории конфронси мазкур, пеш аз ҳама, ба дарки муҳиммияти мавзӯъ ва мусоидат ба татбиқи амалии фарогири Даҳсолаи нав оид ба масъалаи об ва рушди устувор нигаронида шуда, чун самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ва аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани ин ташаббуси Тоҷикистон дониста мешавад.
Ҷиҳати таҳияи барномаи Конфронс шӯъбаи илми Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ саҳм гирифта, барномаи онро омода кард. Тибқи барномаи конфронс онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисод, профессор Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович оғоз бахшида, перомуни ҷанбаҳои илмӣ ва назариявии қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва саҳми Тоҷикистон, махсусан Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаббус ва роҳандозии ин барнома баҳои арзанда дод. Дар конфронс намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, корманди шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Шамсиева Манзура Набиевна иштирок ва суханронӣ карда, оид ба ҷонибдорӣ ва ташаббусу роҳандозӣ кардани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро аз ҷониби кулли ҳайати Ҳукумати вилояти Суғд ва аҳолии вилоят иброз дошт. Чор нафар устодони донишкада бо маърӯзаҳои илмии худ дар толори калони бинои таълимии асосии муассиса баромад карданд. Номзади илмҳои биология, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии донишкада Дониёрова М. М. бо маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувор (2018-2028)» баромад карда, оид ба нақши арзандаи Пешвои миллат дар қабули барномаҳо ва баргузории форумҳои байналмилалии марбут ба соҳаи об, баҳои баланди илмиву назариявӣ дод. Номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Турсунов Ф. А. перомуни ҷанбаҳои иҷтимоии қабули барномаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувори СММ бо маърӯзаи «Ҷанбаҳои иҷтимоии Даҳсолаи амалиёти об барои рушди устувор» баромад намуда, аҳамияти онро дар барномаҳои иҷтимоии соири кишварҳои олам аз аввалинҳо арзёбӣ кард. Номзади илми иқтисод, дотсент Каримов Ғ. Ю. бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Потенсиали иқтисодии захираҳои гидроэнергетикаи Тоҷикистон» баромади пурмӯҳтавои илмӣ карда, оид ба потенсиали иқтисодии захираҳои гидроэнергетикӣ ва истифодабарии онҳо дар Тоҷикистон, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамзамон, номзади илмҳои физика-математика, дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои информатсионии донишкада Иброҳимов И. И. дар мавзӯи «Амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти истифодаи оқилонаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи илмӣ хонда, оид ба қарорҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилонаи об ва захираҳои он дар мамлакат андешаронӣ кард.
Ҳамин тариқ, ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси илмӣ-назариявии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба кори худ хотима бахшида, шунидани маърӯзаҳои илмӣ дар бахшҳо ва кафедраҳо идома меёбанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *