Оқибати ҳар гуна “ман – манӣ” ва гумроҳсозиҳо “вой” аст!

Дар рӯзҳое, ки бемории COVID-19 тамоми минтақаҳои дунёро фаро гирифта, пурқудраттарин кишварҳо назди ин маризӣ оҷизу нотавон мондаанд, душманони миллат ба ҷойи он ки ҷиҳати пешгирии пандемиаи мазкур кӯмак ва дастгирии худро расонанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноором кардани авзои ҷомеа кӯшиш менамоянд. Ҳол он ки ин фоҷеа сангинтарин дилҳоро барои расонидани кӯмак ба гирифторони беморӣ нарм намуда, ба дарду ғами ҷомеа шарикии хешро изҳор медоранд. Зеро ашхоси бохирад ҳамеша кӯшиш бар он доранд, ки тавонмандии худро барои адои амалҳои нек, созандагию бунёдкорӣ ва ободониву некӯаҳволии халқ истифода намоянд.

Филми мустанади телевизионии “Хиёнат” бори дигар пардаро аз рӯи хиёнаткориҳои фоҷиабору пурмакри аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ бардошта, сирати нопоку манфури наҳзатиёнро пеши назар ҷилвагар менамояд. Муҳтавои филми мазкур ба мо таъкид мекунад, ки аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба ном ислом, ки динро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани халқ истифода мебаранд, бояд ҷиддан эҳтиёткор бошем. Ба суханҳои “ширин” ва таҳрифи ояту ҳадисҳо аз ҷониби онҳо набояд фирефта шавем.

Мардуми соҳибфазилати кишвар хуб дар хотир доранд ва филми “Хиёнат” ин нуктаро боз таъкид кард, ки солҳои 90-уми садаи сипаришуда дар майдони “Шаҳидон” чӣ гуна шиорҳо буданд, онҳо мардумро ба кадом роҳҳо ҳидоят мекарданду ҳадафи нопокашон чӣ буд?

Имрӯз мардуми сулҳпарасти тоҷик аз асли матлаби наҳзатиён, нимкосаи зер косаи онҳо огаҳӣ дарёфтаанд ва ба ин гурӯҳи хиёнатпеша нафрин мехонданду аз он рӯй гардонидаанд.

Ифротгарон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, фазои осоиштаю ороми кишвари азизро боз халалдор намоянд. Худ дар хориҷа истода, ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Президенти ҷумҳуриро, ки ба таъмини сулҳу субот, пешрафту тараққиёти кишвар равона шудааст, нодида мегиранд. Мехоҳанд, бо воситаи ашхоси бадтинату кинавар, ҷиноятпеша ҷавонони ноогоҳро фиребанду муқобили Ватану миллат барангезанд. Онҳо дил ва ҳадафи нопок доранд. Аммо рӯз то рӯз дасиссаҳояшон коҳиш меёбаду тирашон хок хоҳад хӯрд.

Он нохалафони миллат намедонанд, ки имрӯз мафкураи ҷавонони мо тағйир ёфтааст, ба ҳар гуна сафсаттаву иғвогариҳо бовар намекунанд, барояшон ободиву осоиштагии Ватан, гул-гулшукуфии он аз ҳама иғвогариҳо боло меистад. Ба ҳайси сарвари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо руҳияи насли наврасу ҷавон ба хубӣ огаҳам. Медонам, ки онҳо ба қадри сулҳу салоҳ, якпорчагии Ватани азиз мерасанд, онро муқаддасу гиромӣ медоранд. Тадбирҳои зиёде, ки имрӯз дар вилоят бо иштироки ҷавонон мегузаранд, ифодагари самимияти волои онҳо, меҳру муҳаббати сидқидилонаашон аст. Рафтору кирдор ва садоқати бепоёни онҳо муҷиби он аст, ки тамоми корҳои аз дасташон барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон меомадаро анҷом медиҳанд, то мардум фирефтаи ҳар дасиссаву иғвогариҳо нагарданд.

Тавре мегӯянд: “Дурӯғ бефурӯғ аст”. Ифротгароён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дурӯғ аз пайи дурӯғ мебофанд. Эҳсос намекунанд, ки дурӯғи онҳо фош мешаваду худашон шармандаю нафратзадаи халқу миллат мегарданд. Пас ба ифротиён муроҷиаткунон мегӯям: “ Нони халқ, оҳи мардум оқибат шуморо кӯр мекунад! Аз фиребу дурӯғгӯӣ бипарҳезед, охир, ростӣ чӣ бадӣ дорад, ки аз он худро дур мекашед?!

Вақте ватанфурӯш, хиёнатгар ҳастед, аз Ватан шармандавор фирор кардаед, дигар чаро аз дур истода, бар зидди диёре, ки дар он ҷо ба дунё омада, бо обу нони он ба камол расидаед, ҳарфҳои бардурӯғро раво дида, хиёнатро пеша мекунед, ки нобахшиданист!!!

Оқибати ҳар гуна ман – манию гумроҳсозиҳо “вой” аст. Инро дар хотир доред!

Мирзоқосим КАРИМЗОДА,

сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *