ОҚИБАТҲОИ СИЁСИГАРДОНИИ ИСЛОМ ВА ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МИСОЛИ ТТЭ ҲНИ

Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯххои муайян дар муборизахои сиесии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд.

Воқеан бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ гардидааст. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ, демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад, фаъолияти собиқ Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ), ки дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд.

Воқеан чеҳраи манфури собиқ аъзоёни ҲНИ , роҳбари он М. Кабирӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ рӯз аз руз аён шуда истодааст, ки онҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ, тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон аз дини мубини ислом моҳирона истифода мебаранд ва ниҳоят ҷавонони содаву нодон ба доми фиреби наҳзатиён афтода, дар кишвари мо амалҳои экстремистию террористӣ содир намудаанд.Инчунин гумроҳшудагон дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияву Ироқ бевосита иштирок намуда, оқибат ба ҳалок расидаанд.  Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад ,  ки асосан дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати точик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт. ки дар Точикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ реша давонад.Ҷумхурии мо бар муқобили ин қабил озмоишҳои ракобатпазирӣ, истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст. Бигузор давлатҳои ба мо маълум ин иқдоми моро пеша карда, бар муқобили террроризиму экстремизм муборизаи беамон баранд. На чун  сиёсати духӯрагии баъзе давлатҳои ба мо маълум…

Дар шароити имрӯзаи рӯзафзун авзои сиесии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он, торафт вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятхои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиесии шахрвандон аҳамияти бағоят мухимро бояд касб намояд. Зеро имрӯз фаъолиятҳои зиедаравии динӣ корвони худро аз мамлакатхои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд . Ҳоло бошад бо номи созмони ифротгароию террористии  Ал-қоида,  Давлати исломӣ дар либоси сиёҳи “дӯстдорони дини ислом” корҳои душманонаро идома дода истодаанд. Ин падидаи номатлуб монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст.  Дар қатори ин созмонҳо душмани фирории кишварамон фаъолияти хиёнаткорони наҳзатиёнро таҳлил карда, назар афканем мушоҳида мешавад, ки касе ба ин ташкилоти ифротгароёна шомил шуд, тақдири ояндааш сӯхт. Яъне ё паси панҷара рафт ва ё бехонаву дар шуд, ё аз зану фарзандонаш ҷудо шуд, ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл расонид ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр умр ба сар бурда истодааст. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд. Имрӯз низ ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои хориҷӣ бидуни шарму ҳаё даъвоҳои пуч карда, меҳану миллатро дар арсаи байналмилалӣ сиёҳ кардани ният дорад. Масалан санаи 15 апрели соли равон роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ дар нишасти маҷозии донишҷӯён вва фаъолони эронии ҳавзаи байналмилалии ҷаҳони ислом баромад намуда, боз ҳамон найрангу суханҳои бардурӯғашро довом дод. Қайд кардан бамаврид аст, ки аз кишварҳои мухталифи  дунё,  инчунин, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи костагии маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ  ва надонистани  динии хеш ба доми фиреби ТТЭ ҲНИ  ва равияҳои ифротӣ афтода, ба номи тоҷику Тоҷикистон доғ меоранд. Чунончӣ тибқи хабаргузориҳои Ҷумҳурии Туркия, санаи 14-уми апрели соли равон дар як амалиёти махсус 11 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо, мутаассифона, номи зодаи Тоҷикистон, бо номи Солиев Солеҳ и 31 сола, низ зикр мешавад. Инчунин дар асоси расонаҳои хабарии кишварамон дар соли сипаригардида 271 нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ ва равияҳо ҷинояти дорои хусусияти террористию экстремистӣ содир намудаанд. Аз ҷумла:“Бародарони мусалмон”-  148 нафар; “Давлати исломӣ” -39;“Гурӯҳи 24”- 8; “Ҳизби наҳзати ислом”- 17; “Ансоруллоҳ”-8; “Ал-қоида”-3; “Ҳаракати Толибон” -1 нафар дастгир шуданд.

Муҳимияти дарки ин масъала барои мардуми мо дар он аст, ки баъд аз саркӯб гаштани қувваҳои бунёдгароии исломӣ дар Сурия ва Ироқ, боқимондагони онҳо дар Афғонистону Покистон, дар якчанд давлатҳои Африқо амалҳои террористии худро  фаъол намуданд. Ин ҳолат моро дар ҳақиқат водор менамояд, ки ҳамеша зирак бошем. Хулоса дар фарҷоми мақолаи хеш бояд қайд кард, ки вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию террористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти кишвари азизамон -Тоҷикистон саҳми худро гузорем.

                                       Каримов И.И.,

                                      муаллими калони кафедраи

                                     иқтисодиёт  ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *