Оқибатҳои нанговари экстремизм ва терроризм

 

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.

Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд. Барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи диндории мардум якбора боло рафт.

Солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ амал мекард.

Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва масҷиди ҷомеи марказӣ, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар иттиҳодияҳо ва ҷамоатҳои (созмонҳои) динӣ) мавҷуданд.

То соли 1990 мусулмонони ИҶШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар таҳсил мекарданд. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рў, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд.

Қобили қайд аст, ки дар баробари равоиди мусбату мўътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурўҳҳо таъсири муайян расонданд.

Сабаби сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурўҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имом – хатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст.

Баҳри бартараф намудани муаммоҳои ҳалталаби ин падидаҳои номатлуб ҳадалимкон бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонони бекор, дар ВАО ташкили бештари барномаҳои гуногун доир ба оқибатҳои нанговари экстремизм ва терроризм ва пешгирии он ва гузаронидани сӯҳбатҳо ва машваратҳо дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа.

Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро ба бетарафӣ намегузорад.

 

Ассистенти  кафедраи

                                                                         назарияи иқтисод

                                                                                Ҳакимова Н. К.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *