Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанўз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шўравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.
Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кўҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.
Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.
Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзўи тарбия бахшидааст, чунин мегўяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар ҷарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст».
Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шўравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурўҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.
Дар аксари мавридҳо онҳо мекўшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали сўҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷўю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷў муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зўрӣ бор кардан мехоҳанд.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурўягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Баъди суқути давлати абадқудрати шўравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ шўравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд. Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт.
Ғафурова Ф.К.
ассистент-муаллимаи кафедраи
назарияи иқтисодӣ ДИС ДДТТ