НУКТАЕ БОЯД БИГӮЯМ БАР КАСЕ ОГОҲ НЕСТ…

Ё худ чаро Муҳаммадиқболи Садриддин мехоҳад бо истифода аз номи масчоиҳо ғароизи палиди хоҷагонашро амалӣ намояд?

 

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ, ки аслан фарзандони Кӯҳистони Мастчоҳ буда, солҳои панҷоҳуми асри гузашта барои обод кардани дашти Дилварзин (дар гӯиши халқӣ Дилварзӣ) ба водӣ ҳиҷрат карданд, мардуми ватандӯсту нотарс, якрӯву якдил, худшиносу боғурур ва албатта қавиродаву хунгарм ҳастанд. Вале таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ давру замон масчоиён ба миллату давлат ва халқу ватан хиёнат накардаву ҳамеша баҳри дифои арзишҳои миллӣ сина сипар намуда, бо душманону хоинони халқу ватан ҳамеша дар муборизаи оштинопазир будаанд. Шоири шаҳиру нотакрори миллат, ҳамоне ки бо маҷмӯаи “Фарёди бефарёдрас”-и худ дарду алами ҳазорсолаи моро сурудааст – устод Лоиқ Шералӣ маҳз ҳамин хусусиятҳои мардуми ин минтақаро мушоҳида карда, гуфтааст:

 

Нуктае бояд бигӯям бар касе огоҳ нест:

Сахтҷонтар дар ҷаҳон аз мардуми Масчоҳ нест.

Дар дили ҷешил бирӯёнад насиби хештан,

Хок гардад дар баҳои як кафи хоки Ватан.

Эй басо “ҷӯи муаллақ” сохта – валлонаҳо,

То бирӯянд аз замири шахзаминҳо донаҳо.

Чашмаи байт аст ҳар сарчашмаи саршори ӯ,

Лаб занад рӯди Зарафшон гӯӣ аз ашъори ӯ.

Қурси нонаш хирмани моҳ асту қурси офтоб,

Дар кафи дасташ бигунҷад ин ҷаҳони хушку об.

Сахт ҳамчун лозури барф аст, дарё офарад,

Нарм ҳамчун бӯи вешим асту таскин оварад.

Кам бувад гӯӣ, ки пеши пои меҳмон бедиранг

Гӯсфанде мекушад. На, на, зи роҳи ному нанг

Пеши пои меҳмони хуб худро мекушад,

Пойандозе ба пош аз пардаи дил мекашад.

 

Якрӯиву устувории масчоиён дар баробари бадхоҳони обу хоки поки сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон табиист, ки ба манфиати муғризони нотавонбин нест ва аз ин рӯ мехоҳанд бо ҳар роҳу восита санги иҳонату ҳақорат ба сӯи Масчо ва сокинони шарифи он, ки чун дигар шаҳрвандони кишвари маҳбубамон шукргузори Истиқлолияту Ваҳдат мебошанд, андозанд. Яке аз чунин бадхоҳони иғвогар, ки бо музахрафоти худ борҳо ноҷавонмардона аз номи Масчо ва сокинони ватандӯсти он манфиат меҷӯяд, Муҳаммадиқболи Садриддин – масъули сомонаи ифротии ислоҳ.нет ва муаллифи матлабҳои “Хитобаи масчоиён ба Э. Раҳмонов”, “Раҳмонов Масчоро ба хун менишонад?” ва “Масчоба мурам”мебошад. Гувоҳи ин гуфтаҳо сабк ва мақсади ягонаи он матолиб – таҳрифи ҳақиқату воқеият ва бадномсозии мардуми Масчо аст. Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар лидерони фурӯхташудаи наҳзативу душманони миллату давлат хуб медонанд, ки дар Масчо ҳеҷ вақт ҷонибдор надоштаву надоранд. Сокинони ин ноҳияи мардхез ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот, амнияту оромӣ, иттиҳоду ҳамдилӣ буданду ҳастанд. Аз ин ҷост, ки аз номи масчоиён сухан гуфтани наҳзатиёну садриддинҳо агар аз як тараф ниқор гирифтан бошад, аз ҷониби дигар кӯшиши бебарори сиёҳ нишон додани мардуми Масчо ба Ҳукумату давлат ва баракс давлату Ҳукумат ба мардум аст. Тире, ки ҳамеша хок мехӯрад ва Худо хоҳад ҳеҷ вақт ба ҳадафи нопок нахоҳад расид.

Барои дарки якрӯву якдил, ватандӯсту худшинос ва душмани сарсахти наҳзатиён будани мардуми Масчо кофист, ки ба авроқи таърих назар кунем.

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, замоне ки наҳзатиён бо сарпарастии хоҷагони худ “Ҳукумати исломии Ғарм”-ро таъсис дода буданд, маҳз масчоиён Саъдудини Рустам – раиси фирории ин “ҳукумат”-ро, ки мехост дар Кӯҳистони Масчо паноҳ барад, дастгир ва таслими нерӯҳои давлатӣ карданд. Оё имкон набуд, ки дар он солҳои мудҳиш, ки пояҳои давлат заиф буданд, масчоиён бо наҳзатиҳо паймон кардаву “Ҳукумати исломии Ғарм”-ро дастгирӣ ва роҳбарашро муҳофизат намоянд? Шароити кӯҳистон ин имкониятро дошт, вале худшиносиву ватандӯстии масчоиён, хиёнаткор набудани онҳо халқро водор кард, ки ба терористон ҳамкориву ёрӣ накунанд.

Гузашта аз ин, интихоботи соли 1994-ро ба ёд биёред. Мардуми Масчо аз ҷумлаи онҳое буданд, ки ошкоро ба Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдор будани худро иброз мекарданд ва дар рӯзи интихобот тибқи шаҳодати рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” (нигаред “Машъал”, моҳи ноябри соли 1994) кулли сокинони ноҳия ба ҷонибдории фарзонафарзанди халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.

Дар маъракаҳои сиёсии интихоботи солҳои 1999, 2006 ва 2013 низ мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Мастчоҳ якдилона Пешвои миллатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Чаро намояндагони наҳзат ва дигар ашхоси пешниҳоднамудаи “мухолифин” раъй нагирифтанд? Биёед, як бор, фақат аз барои Худо, иқрор шавед, ки дар байни мардум эътибор надоред, халқ ба шумо эътимод намекунад, барои ҳамин дар интихоботҳо шикаст хурдеду овоз нагирифтед ва ҳоло ба зидди мардум шӯридаву мехоҳед рифоҳу саодаташро барҳам занед. Гуноҳи мардум чист, вақте ки худи шумо ҳеҷ барномаи мушаххас надореду наметавонед исбот намоед, ки аз уҳдаи роҳбарӣ ва ё намояндагии халқ мебароед?

Боз нигоҳе ба таърих. Наҳзат ҳамеша барои мардуми Тоҷикистон бадбахтӣ овардааст. Ба ёд биёред соли 2000-умро, ки лидери шумо зимни сафараш ба ноҳияи Масчо барои таблиғоти пешазинтихоботӣ муҷиби қурбон шудани 3 ҷавонмарди масчоӣ шуд. Онҳо чи гуноҳ доштанд? Ё бо ин роҳ мехостед мардумро тарсондаву иҷборан ба сафи худ ҷалб кунед ва онҳо ба ҷонибдории шумо овоз диҳанд? Вале бо ин ҳам нашуд, ТТЭ ҲНИ то он замоне ки фаъолияташ қонунӣ буд, дар ноҳияи Мастчоҳ ҳатто як ҳазор аъзо надошт, зеро ба мардум барвақт найрангҳои “гурбаи обид” (ибораи Хоҷа Ҳофиз) маълум буд.

Онҳое, ки бо фиреб ба сафи ин ташкилоти терористӣ ҷалб шуда буданд, пас аз муддате мақсадҳои нопоки онро дарк намудаву на танҳо аз сафи ҳизб баромаданд, балки дигаронро низ огоҳ мекарданд, ки аз наҳсияти наҳзат худро эҳтиёт кунанд.

Яке аз чунин ашхос фарди маҳбуби диёр, шоири шаҳиру орифи замон устоди шодравон Мирзоюсуфи Фозилзода, маъруф ба Эшони Мирзо мебошанд, ки дар байни сокинони Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он ҳамчун шахсияти парҳезгору домуллои воқеӣ иззат доштанду доранд. Эшони Мирзо аз аввалинҳо шуда найрангҳои пасипардагии наҳзатиёнро дарк карданд. Устод, ки ҳатто то ба вазифаи раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд расида буданд, пас аз фаҳмидани моҳият ва ҳадафҳои нопоки наҳзатиён соли 2004 бо хоҳиши худ аз ҳизб даст кашида, то охири ҳаёти муборак – соли 2016 душмани сарсахту шикастнопазири ин ташкилоти терористӣ буданд. Мирзоюсуфи Фозилзода дуруст дарк намуда буданд, ки шиорбозиҳои наҳзатиён таҳти номи миллату ватан фақат ба хотири халалдор кардани Ваҳдати миллӣ ва даст ёфтан ба ҳадафҳои нопок мебошад. Ин маъниро устод дар қолаби назм хеле моҳиронаву зебо баён намудаанд:

 

Бувад Ваҳдати мо баҳори Ватан,

Зи Ваҳдат шавад пухта кори Ватан…

Зи Ваҳдат ҳар он, к-ӯ ҳазар мекунад,

Бувад душмани ошкори Ватан.

Ҳазар кун зи гуфтору рафтори ӯй,

Бувад гарчи зери шиори Ватан.

 

Эшони Мирзо ба шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоду муҳаббат ва эҳтироми махсус доштанд. Ин ҳам аз ҷумлаи меҳрномаҳои самимии устод ба Пешвои миллат мебошад:

 

Эмомалӣ, ки Худованд раҳнамояш бод,

Ҳарими Каъба иҷобатгаҳи дуояш бод.

Даруни Каъба дуо кард баҳри миллату дин,

Ҳамеша дар раҳи Ҳақ устувор пояш бод.

Зи ранҷу офати айём бо инояти хеш,

Раҳонамову ҳимоятнамо Худояш бод.

Барои ваҳдати миллат талоши пайҳам кард,

Даруни дидаву дилҳо ба меҳр ҷояш бод.

Ба роҳу расми ниёгон чу Румию Сино,

Ҳамеша саъй намудан ҳадаф барояш бод.

Зи Румӣ дину зи Сино бадан шавад обод,

Пайи табобати миллат ҳамин давояш бод.

Ҳаме ба сафҳаи таърих бо накӯномӣ,

Бимонад ӯву накӯномияш бақояш бод.

Хуш омадааст ба Масчову ҳар куҷо биравад,

Зи гӯшаҳои ватан боғи дилкушояш бод! (нигаред Мирзоюсуфи Фозилзода, “Наҷвои дил”, Душанбе – 2008)

 

Ин ҳама гувоҳи он аст, ки масчоиён ҳеҷ вақт зидди давлату ҳукумати конститутсионӣ, махсусан Президенти маҳбуби халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набуданду нестанд ва ҳеҷ гоҳ чунин носазову бад намегӯянд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин нақл мекунад. Ин ҳама сохтаву бофтаи ислоҳ.нет ва сарпарастони ӯст.

Таърих гувоҳ аст, ки Мастчоҳ маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо баракати сулҳу ваҳдат ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обод шуду рушд кард. Пас аз чиҳил соли ҳамчун ноҳия барҳам хурдан соли 1996 маҳз бо талошу мусоидати Пешвои миллат ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ эҳё шудаву имрӯз яке аз беҳтарин навоҳии мамлакат маҳсуб меёбад. Ноҳияи Мастчоҳ низ, ки солҳои тӯлонӣ дур аз таваҷҷуҳи зимомдорони давр буд (ҳақиқате, ки бояд гуфт!) ва сокинони он фақат ба парвариши пахта сафарбар мешуданд, аз таваҷҷуҳ ва муҳаббати бузургу беназири Пешвои ваҳдатофарини миллат рушд кард, обод шуд ва рӯз то рӯз зеботару дилработар мегардад.

Моҳи марти соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо муҳббати махсус аз ҷавонмардию ҷасорати масчоиён ёдоварӣ намуда, таъкид карданд, ки “Ман ба нангу номуси баланди миллӣ, ватандориву ватандӯстӣ ва мардонагиву ғурури мардуми Мастчоҳ итминони комил дорам ва хуб медонам, ки онҳо ин хислатҳои неку писандидаро дар замири фарзандони худ – наврасону ҷавонон парвариш медиҳанд ва онҳоро ҳамчун насли сазовори номи неки гузаштагон ва давомдиҳандаи суннатҳои волои тоҷикон ба камол мерасонанд.” (нигаред http://www.president.tj/node/380)

Соли 2016 низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, барои боз ҳам бештар ободу зебо кардани ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, бо супоришу мусоидати Пешвои миллат дар ноҳия Қасри фарҳанг барои 1000 ҷои нишаст, варзишгоҳи замонавӣ бо даҳ ҳазор ҷой, 2 кӯдакистони хуштарҳ, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва дигар иншооти муҳим сохта мешванд, ки дар аксарияти онҳо корҳои сохтмонӣ ба итмом расидаву дар дигар иншооти ҷашнӣ, ки ба ифтихори 23-солагии Ваҳдати миллӣ бунёд мешванд ва шумораашон аз 30 адад кам нест, созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Дар маҷмуъ, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди бештар аз 500 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки пас аз ба истифода додан ҳусни ноҳияро афзуда, ҳазорон масчоиро бо ҷои кори доимӣ таъмин менамоянд. Ин ҳамаро надидан ва аз дур истода таҳвину таҳқир кардан аз рӯи мусалмонӣ ва виҷдони инсонӣ нест. Ба қавли Мавлоно:

 

Офтоб омад далели Офтоб,

Гар далелат бояд аз вай рӯ матоб!

 

Мақсуди ҲАБИБУЛЛОҲ,

сокини ноҳияи Мастчоҳ

Nigohi khalq

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *