НОТАВОНБИНОНИ ИҒВОГАР

     Пушида нест, ки нотавонбинони иғвогари миллат, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ -роҳбари собиқ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш, ки оқибат фирорӣ шуда, алҳол дар кишварҳои Аврупо қарор доранду бо номи “Паймони милли..”, ки ҳамагон бо номи ТТЭ ҲНИ мешиносанд, имруз бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ва байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Хуллас, табиату тинати ба хиёнат одат кардааш оромаш нагузошту боз ҳам мисли солҳои навадуми асри гузашта аз хоҷагони худ маблағҳои ҳангуфт гирифта, дар сар ҳавои хиёнат даст ба иғвоангезӣ мезанад. Чунончи санаи 26 январи соли равон М.Кабирӣ тариқи шабакаи иҷтимоӣ оид ба қазияи баҳси сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баромад намуда, андешаи носолимашро баён сохт ва дар бораи озод намудани зиндониёни сиёсӣ, яъне маҳбусон сухан кард.Баробари ин Артиши миллии кишварро зери эрод қарор дода қайд кард,ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз шуҷоату ҷасорат дур аст. Ин гуфтаҳои Кабирӣ аз ҳақиқат дур аст! Таъкидан хотиррасон менамоем, ки Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993—1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо менамоянд ва минбаъд низ вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ хоҳанд намуд. Мо имруз ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан ифтихор мекунем.
Хулоса, сенарияи имсолаи М.Кабирӣ чун солҳои қаблӣ боз ба суханпардозиву найрангбозӣ, иғвоангезиро пеша намуд. ки он ба ягон қолиб, аз ҷиҳати сиёсӣ рост намеояд! М.Кабирӣ зимни баромадаш айби худро руйпуш намуда, бо маълумотҳои бардурӯғ ва сафасатаҳои номуайянро паҳн карда, худро бегуноҳ нишон медиҳанд. Ин қабил ашхос ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Умуман, имрӯз роҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”ва шогирдону думравонаш алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин, ки санаи 26 январи соли равон бо баробари М.Кабирӣ низ баромад карда буд, ин нотавонбинони иғвогар бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон дар арсаи байналхалқӣ шаъну шарафи кишварамонро паст заданро пеша намудаанд. Бинобар ин, баромади навбатии нотавонбинони иғвогар бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Бояд ҳар фарди борору номуси миллат, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Ҷавонони даврони соҳибистиқлол минбаъд аз дируза дида имруз бояд кӯшиш намоянд, ки кишвари ободгаштаистодаи хешро боз ҳам ободтар намуда, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи кишварамон ҷидду чаҳд созанд.

Д. ШАРИПОВ,
сармуаллими кафедраи
тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *