НОТАВОНБИНОН НОКОМАНД, ВАЛЕ…

Ба ном мухолифону дар аслу нотавонбинони миллату Давлати тоҷик барои аъмоли нопокашон шармандаанду нафрати мардум рӯз то рӯз нисбаташон фузун гашта истодааст. Баробари рух додани қазияе, ки чунин ҳолат дар умури давлатдории дилхоҳ кишвар падидаи маъмул аст, саркардаи наҳзатиҳо ва обсофкунакҳояш “ҷаҳду талош” менамоянд, бо ҳангомасозӣ, тафриқаандозӣ, сафсатапароканӣ ва афсонапардозӣ холи сиёсӣ гиранд. Ҳаводиси Рушон ва Хоруғ, ки чеҳраи манфури нотавонбинонро ба маъраз гузошт, исботи ин гуфта мебошад.
Ҳарчанд нотавонбинон дарк кардаанд, ки мардум аз онҳо хеле пештар, аниқтараш баъд аз ҳаводиси соли 2015, рӯй гардондаанд, вале то кунун бечоранолӣ меҳвари фаъолияташон аст. Илова бар ин, аз лиҳози ахлоқ “бо ду пой лангидан”-и ин тоифа нафрати мардумро нисбат ба онҳо афзунтар кард. Ин аст, ки дигар касе ба ин тоифа таваҷҷуҳ надорад, ҳатто пайвандонашон…
Хуб дарк мекунем, ки пешравиҳои кишвари азизи мо барои нотавонбинон мисли кордест, ки ба гушту нохунаш расидааст, хорест, ки муназзам ба дидагонаш мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулуяш дармонда. Табиист, ки онҳо бо ҳар роҳу васила мехоҳад аз ин раванд интиқод кунанд.
Онҳое, ки аз ҳаводиси Бадахшон ҳангома сохта, тасмими гумроҳ намудани мардумро доштанд, бо пахши филми “Шикасти фитна” мисли ҳубоби рӯи об аз байн рафтанд.
Таъсири филм то ҳаддест, ки нотавонбинон варшикастаанду намедонанд сарашонро ба куҷо зананд. Аз «ҳама кас» ва «ҳама чиз» умеди “имдод” доранд. Чун амалан коре карда наметавонанд, шубҳа надорем, ки минбаъд низ «илоҷ»-ро дар сафсаттапароканӣ, бечоранолӣ ва афсонапардозӣ дидаанд.
Филми мазкур ба маънои томаш нишонрас буда, аз далелу арқоми асоснок, наворҳои таъсирбахшу таваҷҷуҳбарангез, эътирофу фошкорӣ таркиб ёфтааст. Ба шарофати “Шикасти фитна” собит гардид, ки нотавонбинони миллату давлати мо – Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Мамадшоева ва Алим Шерзамонов бо амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриинсонӣ ва дастгирии хоҷагони хориҷӣ ин навбат низ мехостанд “обро лой карда, моҳӣ гиранд”.
Дар ин росто, бо сӯиистифода аз сатҳи нисбатан пасти ҷаҳонбиниву шуурнокии баъзе ҷавонони ВМКБ ба эҷоди тавтеа машғул шуданд. Хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадуми асри гузашта маҳз ҳамин гуна «дигарандешон» ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва қисме аз онҳоро қатлу беватан карда буданд.
Дар ин зимн маълум гардид, ки ин ҳодисаҳо аз созмонҳои террористӣ маншаъ гирифта, маблағгузории он низ аз ҷониби хоҷагон бо мақсади муғризона амалӣ шудааст. Мардуми Бадахшон бояд дарк кунанд, ки саркардаи нотавонбинон ва «пайравонаш» дар умрашон ягон кори хайрро анҷом надодаанд. Дороиҳояшон музди хиёнату ҷиноятҳояш мебошад.
Дар заминаи ҳаводиси Рӯшон ва Хоруғ як маротибаи дигар исбот шуд, ки фаъолияти ин тоифа ва ҳаводоронашон, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфта буд, танҳо бар зарари мардум аст.
Мутаассифона, инҳо нафаронеанд, ки зодагони минтақа ҳастанд, вале мақсадашон осудагии мардум не, балки иҷрои супориши хоҷагон, тавсеаи бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ буд.
Шахсияти Алим Шерзамонов ҳоҷат ба муаррифӣ надорад. Номбурда узв ва яке аз масъулини ташкилоти терористии наҳзат маҳсуб шуда, бинобар пурдоғ будани номаи аъмолаш, дар Аврупо паноҳ бурдааст.
Моҳиятан ӯ абзори саркардаи фарории ташкилоти террористии наҳзатӣ буда, дар ҳолати “зарурӣ” барои ноором кардани вазъи ин минтақаи суиистифода мешавад. Суханони Холбаш Холбашов Улфатхонум Маҳмадшоева далели раднопазири он аст, ки яке “ташаббускор”-они ҳаводиси охир дар Рӯшон ва Хоруғ мебошад.
Нафари дигаре, ки дар ҳаводиси ахир “нақши калидӣ” дорад, Холбаш Холбашов аст. Тавре дар филм зикр шуд номбурда дар нооромиҳои солҳои 90 уми қарни гузашта даст дошта, ҷиноятии зиёде содир намуда буд. Пасон авф гардида, ба ҳайси афсар пазируфта мешавад ва соҳиби рутбаи генерал – майор мегардад. Чун муқтазои табиаташ ин буд”, ба савганди ҳарбии хеш хиёнат ва нотавонбинонро роҳнамоиву дастгирӣ кард.
Нафари дигаре, ки дар филми “Шикасти фитна” “чеҳранамоӣ” шуд Улфатхонум Мамадшоева аст. Номбурда солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар майдонҳо “зуҳур” ва “ҷилва” намуда, худро дилсӯзи миллат вонамуд мекард. Ҳол он ки арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ барои ӯ як фулус арзиш надошта, ҳадафи асосӣ манфиати шахсӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ аст.
Минбаъд ин “раванд”-ро тавсеа бахшида, бо гирифтани маблағ аз ташкилотҳои ба хадамоти махсуси кишварҳои алоҳида рабтдошта нисбат Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои иғвоангезона ва бадномкунанда чоп мекард.
Ҷойи шубҳа набояд бошад, ки , ки агар нисбат ба ин ашхос мақомоти зидахли Тоҷикистон сари вақт чораандешӣ намекарданд, пайомадаш барои тоҷику тоҷикистониён фоҷиавӣ мегашт.
“Шикасти фитна” дар қиёс бо ҳарзагӯиву сафсаттапарокании нотавонбинон, бо истифода аз далелу рақамҳои асоснок, наворҳои таърихиву фаврӣ, эътирофи собиқ ҳамсафон ва ёдоварии шоҳидони ҳол омода шудааст. Муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки бо забони фасеҳу оммафаҳм бозгӯйӣ намудани воқеияти он замон ва худдорӣ аз суханпардозиву ҳангомасозӣ, меҳвар бошад. Муҳим аз ҳама, бо вуҷуди маълумоти кофӣ доштани аҳолии мамлакат аз аъмоли нопоки саркарда ва ҳаводорони ташкилоти террористи наҳзат, тамошои “Шикасти фитна” мардумро дар шинохти онҳо амиқтар бурд.
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки ҳоло низ нотавонбинон «одат»-и худро тарк накарда, аз хориҷ сӯи Меҳан сангандозӣ доранд. Бо дарназардошти ин метавон хулоса кард, ки афсонапардозӣ шеваи зиндагиву фаъолияти ба ном мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон гаштааст. Дилам ба онҳо сахт месўзад. Зеро кор гирифтан аз шевае, ки хоси кампирони аз 70-сола боло аст, далели заифии инсон ва рў овардан аз воқеият ба тахаюлот аст.
Аксуламал ва вокуниши ҷомеа ба ҳодисаҳои мазкур нишон дод, ки мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ, аз он ҷумла сокинони бонангу номуси Бадахшон, чунин зуҳуротро қотеъона маҳкум мекунанд ва намегузоранд, ки хоинони миллат пеши роҳи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, ваҳдати ҷовидона ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон гарданд. Расидан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ танҳо тавассути муттаҳидӣ, дӯст доштани ватани худ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташаккул додани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба даст меояд.
Дар робита ба ин, мо бояд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи кори худ намуда, ташаббусҳои беназири роҳбари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ ва дар амал татбиқ кунем. Ифтихорманд бояд бошем, ки Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои кулли мардуми кишвар пайваста сайъю кӯшиш меварзанд ва иқдомҳои беназирро роҳандозӣ менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ аз оғози солҳои 2000-ум тамоюли рушди устуворро касб намуд ва новобаста аз омилҳои таъсиррасони дохилӣ ва берунӣ ҳамасола суръати баланди афзоишро нишон медиҳад. Албатта, чунин дастовардҳо маҳз тавассусти амалӣ намудани сиёсати хирадмардона ва бунёдсози Пешвои муаззами миллат ба даст оварда шудаанд, ки меҳвари асосии сиёсати мазкурро такя ба нерӯи созандаи мардуми шарифи мамлакат ташкил медиҳад.
Пешвои миллати тоҷик имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳбари кишвари сулҳдӯсту меҳмоннавоз ва ташаббускори иқдомҳои наҷиби сатҳи байналмилалӣ шинохта шудаанд ва мо – сокинони Тоҷикистони биҳиштосо бояд аз ин ифтихор дошта бошем.
Муттассифона, дар ҳар давру замон бо сарпарастии доираиҳои манфиатҷӯи хориҷӣ ва дохилӣ нерӯҳое “зуҳур” мекунанд, ки барои расидан ҳадафҳои ғаразноки худ тамоми арзишҳои инсониро зери по менамоянд. Дар ин самт, ба андешаи мо, танҳо муттаҳидии миллат ва устувории чомеа метавонад садди роҳи фаъолияти чунин гурӯҳҳои ғаразнок гарданд.
Имрӯз моро мебояд боз ҳам бештар баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ягонагию фардои неки Тоҷикистони азизи худ камари ҳиммат бандем, ворисони асили аҷдодони бузурги худ ва пайравони содиқи Пешвои миллати худ бошем, зеро таъмини рушди устувори ҷомеа ва сулҳу ваҳдати ҷовидона вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Бегуфтугӯ, нотавонбинон нокоманд, вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки бепарво ва бетафовут бошем. Дар ин робита, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.

Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат,
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *