НОМАРДӢ ВА ВАҲШОНИЯТИ МИРЗОИ САЛИМПУР

«Номардӣ ва ваҳшоният. Ин Ҳукумат оё ягон соҳиб дорад?» Чунин ном дорад матлаби нашрнамудаи Мирзои Салимпур ҷавобан ба фаъолияти мақомоти прокуратура ва амнияти кишварамон нисбати ӯ ва наздиконаш, ки сар то по навиштаи бардурӯғ аст. Худи ӯ кист, ки сар бардошта нисбати халқу ватанамон бӯҳтонҳо меофарад? Биёед ба шарҳи ҳоли ин хоин назар кунем. Вай як эркаи падару модар аст, ки аз хурдӣ барои ӯ ҳамаи неъматҳои моддию маънавиро дареғ намедоштанд. Аз ҳисоби давлати шӯравӣ дар наврасӣ 2 маротиба дар пионерлагери байналмилалии Артек дам гирифтааст, соҳиби маълумоти миёна ва олӣ гардидааст. Барои чунин марҳаматҳо ба ҷои шукр кардан вай давлати шӯравиро чашми дидан надошт ва медонем, ки босмачиёни хунхорро қаҳрамони миллат номид. Дар кашмакашиҳои аввали солҳои 90-ум тарафдори наҳзатиҳо шуда, падари дорои мансаб ва обрӯяшро, ки директори совхоз ва муовини аввали раиси ноҳияи Ҳисор буд, сархам намуд. Ба номи бобои раиси колхоз, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ доғ овард. Бо амалҳои ифротӣ, суханҳои бардурӯғ, яъне дар вақти пайдо шудани ду майдон, менависад, ки мардуми Кӯлоб дар даст шиори «Нест бод Ислом»-ро доранд, ду майдонро бо ҳам шӯронда, дар байни аҳолӣ ҷанҷол афканда, сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Яъне ба гардани ӯ хуни садҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи шаҳид меистад. Магар ин хоинӣ нисбати халқу ватан ва наздикони хеш номардӣ нест. Падараш аз молу мулк ва вазифа маҳрум гашта, қашшоқ гардид, бар асари амалҳои писари нохалафаш ҳатто номашро дигар намуд. Лекин ӯ ваҳшонияти содиркардаи наҳзатиҳоро дидаю дониста, то ҳол содиқона тарафдории чунин палидонро давом дода истодааст. Барои чӣ? Барои чунин хоинон дар ҷои аввал пулу чизи ҳаром меистад. Барои ӯ фарқ надорад, ки ин пулу чиз аз кӣ ва бо кадом мақсад дода мешавад. Барои пулу чиз падару модар, хешу табор ва наздикони худро мефурӯшад. Инро аз ошкорбаёнии бародараш Илҳом дидан мумкин аст. Бо ҳамкорӣ бо боевикҳои наҳзатӣ гумон дошт, ки соҳиби молу давлат мешавад. Лекин онҳо худи ӯ ва наздиконашро ғорат намудаанд. Аммо ин барои ӯ дарси ибрат нашуд. Чанд муддат дар хориҷи кишвар гуреза буд. Бо дастгирии сарпаноҳони хориҷӣ ҳамкориашро бо душманони халқу ватан, бо наҳзатиҳо давом додан гирифт. Ба навиштани мақолаҳои бардурӯғи ифротӣ машғул гардид. Босмачиҳоро қаҳрамони миллат номид. Зеро, ки амалҳои наҳзатиҳои хунхор ва худи ӯ ин босмачигарист. Бародараш як мисоли хуби хизмати хирсонаи хоҷагони хориҷиашро овардааст. Як фонди хориҷӣ ба ӯ 2000 доллар ҷубронпулӣ медиҳад. Савдогарбачае аз ӯ мепурсад, ки барои чӣ 5000 доллар надоданд? Ин палид бо як оромӣ мегӯяд, ки агар аз хонаи мо касеро мекуштанд, мен 5000 доллар мегирифтам. Барои ӯ муҳимаш пул гирифтан аст ва ҷони ягон нафари хонаводааш арзише надорад.

Ҳоло ӯ дар шаҳри Прага дар Радиои озодӣ кор мекунад. Сарпаноҳони хориҷии ӯ мақсад доранд, ки бо ҳар роҳ фазои беғубори кишвари моро заҳролуд созанд, дар байни мардум нисбати роҳбарияти кишвар тухми кинаю адоват коранд. Ӯ бародараш Илҳомро барои ошкорбаёниаш «аз нигоҳи равонӣ нуқс дорад, ва ҳар коре фармоянд мекунад» гуфтааст. Лекин нафаре, ки нисбати халқу ватан, наздикони худ дидаю дониста хоинӣ мекунад магар ноқисулақл нест. Бобояш қаҳрамони меҳнат, падараш коммунисти асил, вале худи ӯ босмачӣ! Магар ин дараҷаи хеле баланди девонагӣ нест? Лекин барои хоҷагони аҷнабӣ чунин ноқисулақлон ба монанди Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Фахриддин Мирзомуротов ва дигар нохалафони амсоли инҳо даркоранд, ки ба мақсади нопоки худ расанд. Халқи ватанамон бояд дӯсту душмани худро донанд. Дар замони пандемия мо чӣ қадар мушкилиҳоро паси сар намудем. Ин хоин менависад, ки дар шаҳри Прага якчанд хонаю сарват дорад. Магар ин сарватманд ба ягон наздики худ, ба ҳамшаҳриаш дар ин рӯзҳои мушкил дасти ёрӣ дароз намуд? Албатта не. Лекин барои палидӣ, амалҳои зишти иблисона беустухон аст. Барои ӯ ягон шахси обрӯманд, ягон идеал, муқаддасот, амалҳои нек, ягон дӯст вуҷуд надорад. Аз замони ҷавонӣ ба роҳи каҷ даромад ва то ҳол аз ин пайраҳа қадаме берун нарафтааст. Сокинони кишвар, алалхусус насли наврас бояд кӣ будани чунин палидонро донанд, ба тӯҳмату иғвоҳои онҳо ҷавоби сазовор дода, ба ҷояшон шинонда монанд.

                                                                                               ДотсентИброҳимов И.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *