ҲНИТ ҷои худро ёфта натавонист

Баъди воқеаҳои маълуми солҳои 90-ум дар байни ҳизбу ҳаракатҳои сиёсие, ки дар раванди бозсозии Горбочёвӣ ташаккул ёфта ба майдони сиёсат ворид гардида буданд, ягона  ҲНИТ муносибат ва мавқеи худро нисбати низоми сиёсии навтаъсис таъғир додан нахост. Ин падидаи  хеле хатарнок, вале барои ҲНИТ, ки  мақсади ниҳоии он барқарор намудани давлати исломӣ буд, табиист.

     Зиёда аз ин ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ худро ҳамчун ҳизби характери динӣ-мусулмонӣ дошта муаррифӣ намуда, мардумони содаву гумроҳ ва ноогоҳро ҳарчӣ бештар ба тарафи худ моил намуда, дини мубини исломро ба сиёсат кашид ва ҳамчун олоти мубориза барои ба таври зӯрӣ ба даст даровардани ҳокимият истифода бурд.  Бори каҷ дур намеравад. Истифода  зӯрӣ, терроризм ва экстримизм дини барои нишонаи ҲНИТ нотавонӣ  буд.  Онҳо як зумра олимони забардаст, арбобони  давлатӣ,  намояндагони   халқ  ва дар маҳалҳо  фаъолони  фронти  миллиро  ба қатл  расонда,  теша  ба  решаи худ   заданд.

     ҲНИТ буд, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта  дар паси демократҳои    навбаромадаи Горбочёвӣ ва ҳаракатҳои мардумӣ  пинҳон шуда,  барои “ҳақиқату” “адолат” ва давлати исломӣ хиёнгариҳои гӯшнашунидаву  чашмнадида  зоҳир  намуд.  Ман ҳамчун шоҳиди  зиндаи  ҳамон  воҷеаҳо  дар  умри  худ  аввалин маротиба  дидам, ки  лаби дарёи  Чангоб  сагҳои  гурусна  либоси мурдаҳоро    пора карда  натавониста,   рӯю абрӯи онҳоро  канда  хӯрданд. Дар он солҳо  чунин   вазъи  сангии  ба миён    омад, ки   мо маҷбур  мешудем  аз  набудани  нақлиёт  ҷасади  кушташудагонро дар аробача   бор  карда  то қабристон  бурда  ба хок  супорем. Ин ҳама  қатрае  аз он  маҳрумиятҳо  ва фоҷиаҳое буд, ки ҷанги  бародаркуш  ба сари  мардуми Тоҷикистон  овард. Ҳоло бошад, зиёда аз  20 сол  аст, ки  халқи  Тоҷикистон  дар фазои  сулҳу салоҳ  ва кишвари ором таҳти  сарварии Президенти   Ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  зиндагонӣ  осоишта дошта, мардум тадриҷан давлат  ва  ҷомеаи  худро мустаҳкам    менамоянд.

    Аз сӯҳбати   тасодуф  бо ҷавонони  бекори маҳалҳои  гуногун  маълум    мегардад, ки дар  баъзе    масҷидҳо  рӯҳониён  ҷавонони чаласаводу  бесаводро  ба  ҳизби  наҳзати  ислом  ҷалб  намуда,  дар  қатори  ташвиқу  тарғиби  зиддидавлатӣ  кинаву    адовати  динӣ-мазҳабиро  пайваста  меангезанд.  Он ҷавонони  гумроҳро, ки  таърих  ва  заминаҳои пайдоиши мазҳабҳои  суннӣ ва шиаро дарк  накарда  кӯр-кӯрона  изҳор  мекунанд, ки  шиаҳо  сунниҳоро  ҳақорат  медиҳанд, чор ёронро  инкор  мекунанд ва ғайраву ғайраҳо.  Таъсиси давлати исломӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва чӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, зиёда аз ин барқарор  намудани  Хилофати Араб аз имкон  берун  аст. Инчунин мардумони  Осиёи Марказӣ  зиёда  аз  75  сол  дар таъсири идеология коммунистӣ  ба муқобили  Хурофот, ҷаҳолату  зӯроварии динӣ мубориза  бурданд.

      Ман ҳамчун устоди  солхӯрдаи  фанҳои таъриху сиёсатшиносӣ,   гармиву сардӣ  ва  маҳрумиятҳои  солҳои 90-умро  аз сар  гузаронда, аз он  падару модарон  ва фарзандони  ноогоҳиву роҳгумкарда  ва    фирефтаи  ақидаи  таъсиси давлати исломӣ нашаванд. Гӯё тамоми  мушкилиҳои иҷтимоӣ  ва  иқтисодии онҳоро муллоҳо бо осонӣ ҳал мекарда бошад, ба сабру тоқат, инсофу  барака, таҳаммулпазирӣ  ва  ҳушёрии сиёсӣ   даъват мекунам. Бубахшед, Кӯр  асояшро  як бор  гум  мекунад.

   Ман шоҳиди он ҳастам, ки дар солҳои ҷанги  бародаркуш бо чунин рӯҳияи баланди   қаҳрамониву   фидокорӣ,  ҳазорон   ҷавонони  гумроҳгашта  дар  сафи пеши  қувваҳои  мухолифин  бо завқи  баланд  пойзада  ҷони  худро  барои  давлат  исломии афсонавӣ қурбон карданд.  Дар  марҳилаи  майдонбозиҳои  қувваҳои   мухолифин,    ман ҳамчун раиси комиҷроия  бо яке  аз иштирокчиёни  “майдони  шаҳидон, ки  касби таксист буд, сӯҳбат  карда  пурсон шудам, ки шумо барои чӣ  дар майдони шаҳидон  нишастаед  ва тӯтивор ҳар он шиору даъватҳои  зиддишӯравӣ  ва  зидди ҳукумати  конститутсиониро  такрор  мекунед. Охир Шумо як одами камбизоати ҳақир будед, давлати шӯравӣ  ба шумо кор дод, такистӣ карда, соҳиби хонаву ҷой гардидед, фарзандонатонро  туй  кардед, албатта каму беш захира ҳам доред. Он шахс ба ман чунон ҷавоб дод: муаллим мо давлати исломӣ месозем.

     Ба шаҳрвандони ноогоҳу роҳгумкардаи ҶТ ва онҳое, ки берун аз марзи Тоҷикистон иқомат доранду тарафҳони ба таври зӯрӣ таъсис додани давлати исломӣ ҳастанд  маълум бод, ки  нафақат  таъсиси давлати  исломӣ, ки ба ҳуввияту фарҳангии миллии мо бегонааст, балки шикастани  ҳаргуна  низоми сиёсӣ  ва аз нав  сохтани  он Тоҷикистонро  боз ба сад сол  дигар  оқиб  мепартояд. Ба мамлакатҳои Афғонистон  ва Покистони исломӣ таассуб  накунед. Зеро ҳар яке аз ин мамлакатҳо  хусусиятҳои  хоси  таърихӣ, динию-мазҳабӣ, миллӣ  ва геополитикии  худро  доранд. Мардумони Осиёи Миёна, ки  зиёда  аз 75 сол  дар низоми  сиёсии  Шӯравӣ умр  ба сар бурданд  ва  ба  арзишҳои  сиёсиву  миллӣ  бо чашми  дигар  нигоҳ  мекунанд, таъсиси  давлати  исломи  ва  аз  нав  бунёд  намудани  Хилофати Араб  куллан  бегона аст.

    Мо оқибатҳои сангини ҷанги таҳмими бародаркуши солҳои 90-умро то ҳол бартараф  накардаем. Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҶТ ба солҳои  навадуми қарни гузашта нарасидааст. Наход шумо нафаҳмед, ки мо дар дасти худ  ба ҷои  рушди такомул додан, “ба шарофати” демократҳои навбаромадаи Горбочёвию Елтсинӣ  як низоми сарҷаму абарқудрати шӯравиро, ки дар ирсаи ҷаҳон мувозинати қувваҳои сулҳдӯсту ҷангҷӯйро нигоҳ медошт, такягоҳу сарпаноҳи мардумони мазлуму      озодипарвар буд, бо дасти худ шикастем. Ҳеҷ ягон халқу миллати соҳибмаърифату,  соҳибтамаддун дорои маданияту шуури сиёсӣ  ва ахлоқи  инсонӣ  бо дасти  худ  низоми сиёсии ба  қурбониҳо  ва  маҳрумиятҳои  зиёд  ба даст  оварданашро ба чунин осонӣ қурбонӣ нерӯҳои ифротгароӣ дохиливу хориҷӣ намекунад. Бояд тазаккур дод, ки ҳар як иваз намудани низоми сиёсӣ  хоҳ дунявӣ  ва хоҳ  динӣ  бошад тараққиёти мамлакатро  ба садсолаҳо  дур мепартояд.

   Аз ин рӯ такомулу  ислоҳ  ва суфта намудани низоми сиёсии  аз тарафи аксарияти халқ  ва нерӯҳои  солими иҷтимоии интихоб  кардаро  кур-курона, дар зери таъсири эҳсосоти диниву  мазҳабӣ, маҳалпарастиву мансабпарастӣ  шикастани  ин хатои  маҳз ва ислоҳнашавандааст.

    Ин албатта маънои бозгашт  ба низоми сиёсии Шӯравиро надорад. Зеро бозгашт  ба сотсиализми коммунисти боз як шисти  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ  ва сиёсии ҷомеаи навбунёди мо мебошад.  Дар ин хусус Президенти Федератсияи Россия  В.В.Путин дар яке аз баромадҳояш чунин гуфта буд: “Касе, ки аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ғамгин нашудааст, дил  надорад, касе,  ки  барои барқароршавии он талош  мекунад, девона аст”.

    Ҳоло халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар фазои  соҳибистиқлолии сиёсӣ  ва фарҳангӣ  давлати миллии худро  сохта истодаанд. Сохтмони давлати миллӣ  дар вазъи кунунии  Тоҷикистон, ки парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ ва воқеаҳои солҳои 90-ум  ба миён  овард, ягона роҳ, восита   ва  захираи  сиёсиву  фарҳангист, ки  мардуми  моро   ба ваҳдати  миллӣ, вазъи  устувори  сиёсӣ  оварда  ба  маҷрои  созандагиву  бунёдкорӣ, сатҳи баланди    иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ ҳидоят мекунад. Вале расидан  ба ин мақсад ба ҳамоиши арзишҳои миллӣ  ва диниро  талаб мекунад. Зеро 99,9 фисади аҳолии Тоҷикистон ба дини мубини ислом эътиқод доранд. Ва дини ислом ҳаёти  иҷтимоӣ  ва фарҳангии  мо пурра дохил  гардидааст: Ба даст овардани ҳамзабонӣ ва ҳамдилии  рӯҳониёни дини мубини ислом бо  давлат дар таҳким  ва такомули низоми сиёсии фелӣ ба ҳалли масъалаҳо ва омилҳои зерин  вобастааст.

  • Ба хизмати халқу давлат пайвастани дин. Дин бояд ба давлат хизмат кунад. Дин аз давлат ҷудо шуда наметавонад.
  • Дарки объективии моҳияти дин. Дин ҳамчун қадимтарин шакли шуури ҷамъиятӣ, ибтидои фарҳанги инсонӣ, хату савод, рамзи адолату инсондӯстӣ, покизагии ҷисмониву  руҳӣ, таҳаммулпазирӣ  ва  дигар  арзишҳои  инсонӣ.
  • Таҳкиму пойдорӣ  ва покизагии имону  виҷдон.
  • Маҳкум намудани ҳар гуна зӯроварӣ хушунад, терроризм, экстримизм  ва ифротгароӣ (Ло-икроҳа фид-дин   .
  • Ба сиёсат накашидани дини мубини ислом.
  • Ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудани рӯҳониён (ҳар як рӯҳонӣ бояд  ягон дуқон ё корхонаи истеҳсолӣ  дошта  бошад).

Н. Авазматов,
Устоди ДИС ДДТТ 

17 Комментариев для “ҲНИТ ҷои худро ёфта натавонист”

  1. Вокеан маколаи хеле хуб ва хонданбоб. Мо бояд ба кадри сулху осоиштагии ватан бирасем. Бас аст хизббозию тафрикаандози.

  2. ХНИТ барои Точикистони имруз аслан зарур нест. Ислом ба хизб эхтиёч надорад. Ислом дини покизагию осоиш аст, онро набояд ба хар гуна ифлосихо хамрох кард.

  3. ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ худро ҳамчун ҳизби характери динӣ-мусулмонӣ дошта муаррифӣ намуда, мардумони содаву гумроҳ ва ноогоҳро ҳарчӣ бештар ба тарафи худ моил намуда, дини мубини исломро ба сиёсат кашид ва ҳамчун олоти мубориза барои ба таври зӯрӣ ба даст даровардани ҳокимият истифода бурд. Бори каҷ дур намеравад. Истифода зӯрӣ, терроризм ва экстримизм дини барои нишонаи ҲНИТ нотавонӣ буд. Онҳо як зумра олимони забардаст, арбобони давлатӣ, намояндагони халқ ва дар маҳалҳо фаъолони фронти миллиро ба қатл расонда, теша ба решаи худ заданд. Бисёр андешаи чолиб.

    1. Ман ба фикри шумо саддарсад рози хастам.

  4. Ба шаҳрвандони ноогоҳу роҳгумкардаи ҶТ ва онҳое, ки берун аз марзи Тоҷикистон иқомат доранду тарафҳони ба таври зӯрӣ таъсис додани давлати исломӣ ҳастанд маълум бод, ки нафақат таъсиси давлати исломӣ, ки ба ҳуввияту фарҳангии миллии мо бегонааст, балки шикастани ҳаргуна низоми сиёсӣ ва аз нав сохтани он Тоҷикистонро боз ба сад сол дигар оқиб мепартояд. Ба мамлакатҳои Афғонистон ва Покистони исломӣ таассуб накунед. Зеро ҳар яке аз ин мамлакатҳо хусусиятҳои хоси таърихӣ, динию-мазҳабӣ, миллӣ ва геополитикии худро доранд. Мардумони Осиёи Миёна, ки зиёда аз 75 сол дар низоми сиёсии Шӯравӣ умр ба сар бурданд ва ба арзишҳои сиёсиву миллӣ бо чашми дигар нигоҳ мекунанд, таъсиси давлати исломи ва аз нав бунёд намудани Хилофати Араб куллан бегона аст.

  5. Устод маколаи хуб навишта, нигохе ба вокеахои он солхо афканда, аз мавкеи хизбхои сиёси ёдовар шудаанд.

  6. Мо оқибатҳои сангини ҷанги таҳмими бародаркуши солҳои 90-умро то ҳол бартараф накардаем. Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҶТ ба солҳои навадуми қарни гузашта нарасидааст.

  7. Ба кадри сулх ва ободии Ватан расидан даркор!

  8. Точикистони азизам хамеша сарбаланду шукуфон ва дар амну осоиш бимони!

  9. Замона кушт моро бе бахона,
    Намедонанд сари моро бахо на.
    Зананд бар магзи миллат санги душман,
    Ки бе магзе наруяд хеч дона,

  10. Бахорат бехазон бошад Точикистони хамешасабзи мо.

  11. Душманон ва бадхохони миллат бояд ба кадри сулху вахдат расид. Аз Сурия, Ирок, Афгонистон ибрат гирем.

  12. Маколаи бисёр хуб, тахлилхои чолиб, ташаккур устоди азиз,

  13. Зиёда аз ин ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ худро ҳамчун ҳизби характери динӣ-мусулмонӣ дошта муаррифӣ намуда, мардумони содаву гумроҳ ва ноогоҳро ҳарчӣ бештар ба тарафи худ моил намуда, дини мубини исломро ба сиёсат кашид ва ҳамчун олоти мубориза барои ба таври зӯрӣ ба даст даровардани ҳокимият истифода бурд.

  14. Дар навиштаҷоти Устод оварда шудааст, ки “сӯҳбати тасодуф бо ҷавонони бекори маҳалҳои гуногун маълум мегардад, ки дар баъзе масҷидҳо рӯҳониён ҷавонони чаласаводу бесаводро ба ҳизби наҳзати ислом ҷалб намуда, дар қатори ташвиқу тарғиби зиддидавлатӣ кинаву адовати динӣ-мазҳабиро пайваста меангезанд” вобаста ба ин қайд кардани ҳастам ки, нияти ин гуна шахсон илму амали дини мубини ислом нест “мансаб, вазифа ва нафс” мебошад.

  15. Аслан бояд дин аз давлату давлатдори чудо бошад.

  16. Чанги бародаркуш ба иктисодиёти миллии мо талафоти хело зиёд овард. Мо набояд ба ин гуна иштибоххо дигар рох дихем.

Leave a Reply to Ормон Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *