Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

14 – уми июли соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва доираи васеи намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

 

 

 

 

 

 

Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҳусни оғоз бахшида, журналистонро, ки дар пешрафти ҷомеа ва рушди ҳамаҷонибаи он нақши муассир доранд, хайрамақдам гуфт ва баъдан доир ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2021 суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла  қайд намуд, ки ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ нимсолаи якуми соли 2021-ро бо натиҷаҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ ҷамъбаст карда, кӯшишу ғайрати хешро ба он равона карда истодаанд, ки ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ соли 2021-ро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирифта, онро бо натиҷаҳои хурсандибахш ҷамъбаст намоянд.

 

 

 

 

 

 

Дар идомаи суҳбат Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат доир ба самти таълиму тарбия, фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот, фаъолияти хоҷагидорӣ,  ободонию сабзкорӣ ва эҳсонкории донишгоҳ ҳарф зада, натиҷаҳои онро хурсандибахш арзёбӣ намуд.

Баъдан миёни роҳбарияти ДДТТ ва рӯзноманигорон доир ба шароиту имкониятҳои таҳсил, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи он, ҳимояи бомуваффақияти рисолаҳои номзадию докторӣ, ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо, фаъолияти парки технологӣ ва дигар масоили марбут ба соҳаи таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир саволу ҷавоб сурат гирифт.

Срачашма: http://tguk.tj/index.php/tj/donishgoh/habarho/item/3399-nishasti-matbuot.html

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *