Фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои назарраси Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар соли 2021

Дар бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ воқеъ дар маҳаллаи Пахтакор нишасти матбуотии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан баргузор гардид. Қабл аз оғози нишасти матбуотӣ бо роҳбаладии директори донишкада намояндагони васоити ахбори умум ба синфхонаҳои лингофонӣ ва компютерӣ, маҷлисгоҳ, толори конференсия, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, парки технологӣ, толори фитнесс ворид гашта, ба раванди таълиму тарбия аз наздик ошно гардиданд. Баъдан нишасти матбуотӣ дар толори конфронс оғоз гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДИС ДДТТ дар соли 2021 маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» (ДИС ДДТТ), ки муассиси он Иттифоқи Тоҷикматлубот мебошад, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59, аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шудааст. Донишкада моҳи майи соли 2021 аз аккредитатсияи давлатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, соҳиби Шаҳодатномаи Т-АД №0000242 аз 09.07.2021 гардид.

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат аз рӯйи 28 ихтисос, магистратура аз рӯйи 8 ихтисос, докторантура PhD аз рӯйи 4 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм аз рӯйи 5 ихтисос мутахассисон тайёр менамояд.

Дар асоси Қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкада баҳри пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи 8 ихтисоси нав иҷозат дода шуд.

Донишкада фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу роҳнамоии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, дар асоси ҳадафҳои зерин фаъолият менамояд: дар сатҳи баланд омӯзонидани донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ; сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ; технологияҳои инноватсионии муосир ва иқтисодиёти рақамӣ; омӯзонидани на кам аз 3 – 4 забонҳои хориҷӣ.

Донишкада дорои се факултет ва 12 кафедра буда, ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Тибқи натиҷаи ниҳоии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, донишкада аз ҷойи 21-ум мавқеи 14-умро ишғол намуд.

Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ, ки аз 115 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст. Пояи моддӣ-техникии Донишкада ҷавобгӯи талаботи муосир мебошад.

Дар Донишкада 802 адад компютери замонавӣ, 70 адад ноутбук, 107 адад принтер, 37 адад тахтаи электронӣ, 18 адад экран барои проектор, 107 адад проектор, 178 адад камераҳои мушоҳидавӣ мавҷуд буда, биноҳои таълимӣ бо Wi-Fi таъмин карда шудаанд.

Инчунин, дар донишкада ду адад китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, толори Интернет, озмоишгоҳҳои бонки таълимӣ, молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, криминалистика, синфхонаи компютерии тиҷорати электронӣ, синфхонаи компютерии инноватсионӣ барои омӯзиши барномаи 1С – корхонаҳо, синфхонаи компютерии таълимии омор, утоқҳои лингофонӣ, 2 маҷлисгоҳ бо 250 ва 90 ҷойи нишаст, толори Шӯрои олимон, толори конференсия, майдончаи варзиши замонавӣ ва 2 толори фитнесс, 2 Парки технологӣ, 2 ошхона, хобгоҳи донишҷӯён ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои Донишкада дар давраи сармо тариқи мутамарказ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд.

Директори донишкада таъкид намуд, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи бинои мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Раҳмонализода Хуршед Раҳмоналӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректорони муассисаҳои олии вилояти Суғд, кормандони васоити ахбори умум иштирок намуданд. Бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонон вориди муассиса гардида, бо донишҷӯёни ятим, маъюб ва камбизоат суҳбати самимӣ оростанд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва ҳамроҳонаш ба 17 нафар ятимону маъюбон туҳфаҳои хотиравию арзишманди Пешвои миллатро тақдим намуда, зикр дошт, ки ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери ғамхорию пуштибонии Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат қарор доранд.

Бинои мазкур тибқи нақша, дар масоҳати 3561 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 35 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла утоқҳои лингофонӣ ва компютерӣ, утоқҳои кориву ёрирасон, маҷлисгоҳ, толори конференсия, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, Парки технологӣ, ошхона, толори фитнесс иборат мебошад ва барои 850 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Ҳудуди бино, роҳравҳо ва синфхонаҳо бо камераҳои мушоҳидавӣ, инчунин бо Wi-Fi муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бинои таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм кардани тамоми ҳуҷраҳоро дорад.

Дар Донишкада шабакаи ALFA XPress амал менамояд. Дар он тамоми маълумотҳои донишҷӯён, аз ҷумла варақаи шахсӣ, ғоибҳо, холҳои ҳавасмандкунии донишҷӯён, натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, маводи таълимӣ, таълимӣ-методии профессорону омӯзгорон ворид карда мешаванд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз он васеъ истифода менамоянд. Санҷишҳо ва имтиҳонҳо тавассути шабакаи ягона қабул карда мешаванд. Донишҷӯ, баробари ба итмом расидани имтиҳон, имкон дорад бо баҳои худ шинос шавад. Ин тадбирҳо баҳри шаффоф гузаштани имтиҳон ва баҳогузории объективона мусоидат менамоянд.

Теъдоди профессорону омӯзгорон 252 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии устодону омӯзгорони муқимӣ 85 нафарашон дорои дараҷа ва унвони илмӣ (10 доктору профессорон ва 75 номзади илму дотсент) мебошанд.

Баҳри баландбардории сатҳи некӯаҳволии ҳайати профессорону устодон моҳи июни соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои олимон озмуни ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон гузаронида шуд, ки 77 нафар устодон дар озмун иштирок намуда, аз рӯи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ 3 нафар ба вазифаи профессори кафедра, 4 нафар ба вазифаи мудири кафедра, дотсент, 7 нафар ба вазифаи мудири кафедра, 5 нафар ба вазифаи дотсенти кафедра, 13 нафар ба вазифаи номзади илм, муаллими калон ва 45 нафар ба вазифаи муаллими калон таъин карда шуданд.

Санаи 18 ноябри соли 2021 ҷиҳати ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон озмун дар рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” эълон гардид, ки 43 нафар омӯзгорони кафедраҳои Донишкада баҳри иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои олимон моҳи феврал натиҷаи озмун ҷамъбаст карда мешавад.

Тибқи мактуби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот таҳти № 93 (7) – 1, аз 11.05.2021 ҳаҷми моҳонаи ҳайати профессорону омӯзгорон аз моҳи сентябри соли таҳсили 2021-2022 ба андозаи 10% зиёд гардида, 2 нафар донишҷӯи маъюби гурӯҳи якум аз пардохти маблағи таҳсил озод, 9 нафар донишҷӯи маъюби гурӯҳи дуюм ба андозаи 50% аз пардохти таълимпулӣ озод карда шуданд. Инчунин, ба 9 нафар донишҷӯи шуъбаи рӯзона, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд, идрорпулии Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот муқаррар карда шуд.

Теъдоди умумии муҳассилин ба ҳолати 30.01.2022-юм 3735 нафарро ташкил намуд, ки аз онҳо 2158 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр (659 нафар духтарон), 89 нафар дар шуъбаи рӯзонаи зинаи магистратура (45 нафар духтарон), 309 нафар дар шуъбаи ғоибонаи зинаи бакалавр (172 нафар духтарон), 1170 нафар дар низоми фосилавӣ (419 нафар духтарон), дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос PhD 9 нафар (2 нафар духтарон) таҳсил намуда истодаанд.

Натиҷаи ҷамъбасти сессияи тобистонаи шуъбаи рӯзона нишон дод, ки пешрафт дар Донишкада ба 88,12% ва сифат ба 23,74% баробар аст.

Натиҷаи сессияи зимистонаи шуъбаи рӯзона нишон дод, ки дар Донишкада пешрафт 91,12% ва сифат 25,4% аст.

Дар соли таҳсили 2020-2021 Донишкадаро 828 нафар хатм намуда, бо дипломи аъло – 11 нафар сазовор гардиданд.

Соли 2021 аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои донишкада дар маҷмӯъ 36 адад комплексҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ аз чоп бароварда шуд.

Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои тарафайн дорад

Корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин низомномаву ҳуҷҷатҳои дохилии донишкада, ки раванди банақшагирӣ, ташкил ва иҷрои корҳои илмӣ – тадқиқотиро танзим менамоянд, ба роҳ монда шудааст.

Моҳи январи соли 2021 дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии ДИС ДДТТ “Дурнамои рушди босуботи иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳои дастрасӣ ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2021 – 2025 ва дар алоҳидагӣ барои солҳои нишондодашуда коркард ва дар Шӯрои олимон тасдиқ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 14 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадиро сарбаландона ҳимоя намуданд. Рисолаҳои илмии 16 нафар унвонҷӯёну аспирантон таҳия карда шуда, барои ҳимоя омода шудаанд. Машғулиятҳо аз фанни таърих ва фалсафаи илм барои супоридани минимуми номзадӣ ташкил карда шуда, 32 нафар унвонҷӯён имтиҳонро бомуваффақият супориданд.

Соли 2021 дар кафедраҳои Донишкада 162 адад маърӯзаҳои ҳайати профессорону устодон дар семинарҳои илмӣ-назариявии кафедраҳо баррасӣ гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ 266 адад маърӯзаҳои донишҷӯён дар маҳфилҳои илмии кафедраҳо шунида шуданд.

Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…”, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 баргузор гардид, донишҷӯи курси 3, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Сатторов Сӯҳробҷон аз фанни забони англисӣ ҷойи 2 ва донишҷӯи курси 2, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Сатторов Некрӯз аз фанни назарияи иқтисод ҷои 3-юмро ишғол намуданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” донишҷӯёни донишкада соҳиби як адад дипломи дараҷаи I, ду адад дипломи дараҷаи II ва ду адад дипломи дараҷаи III гардиданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фурӯғи маърифат” донишҷӯён Ҷобиров Алишер дар ноҳияи Айнӣ ҷои 1-ум аз рӯи номинатсияи математика ва Дадобоев Абдулазиз дар ноҳияи Б. Ғафуров аз рӯи номинатсияи география ҷои 2-юмро сазовор гаштанд. Дар даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Ӯрунов Фирӯз, донишҷӯи курси 2, ихтисоси 25010407 – молия ва қарз, аз рӯи номинатсияи шоирӣ, сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Донишҷӯ Аҳророва Меҳрангез дар даври шаҳрии маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” ширкат варзида, ҷои сеюмро сазовор гардид.

Дар озмун барои дарёфти донишҷӯёни боистеъдод бо ширкати машваратии ТОП КОНСАЛТИНГ ва бонки тиҷоратии АРВАНД донишҷуён ширкат варзида, барои ишғоли ҷойи якум – ноутбук ва 3 моҳ таҷрибаомӯзии музднок, барои ишғоли ҷойи дуюм – телефони мобилӣ ва 3 моҳ таҷрибаомӯзии музднок, барои ишғоли ҷойи сеюм –3 моҳ таҷрибаомӯзии музднок муайян карда шуд.

Мақсади асосии робитаҳои байналмилалӣ таъмини байналмилалигардонии раванди таълим, омӯзиш ва илм дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳо ба шумор меравад.

Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои бонуфузи олам ҳамкории тарафайн барпо намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти пурсамар дорад.

Дар ин давра донишкада бо Донишгоҳи Омахаи Небраска ва Олд доминиуми Вирҷинияи ИМА созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Соли 2021 аз ҳисоби лоиҳаҳои грантӣ ва ҳамкориҳои судманд 14 нафар омӯзгорон ба хориҷи кишвар сафар карданд. Дар ин давра 16 нафар донишҷӯён дар доираи барномаи ЭРАСМУС+ баҳри таҳсил ба хориҷа сафар кардаанд, ба андозаи то 5100 Евро ба ҳар як донишҷӯ аз ҳисоби ин барнома ҳамчун стипендия пардохт карда мешавад. Соли 2021 ба 16 нафар донишҷӯ 67810 Евро стипендияи грантӣ пардохт карда шудааст.

Сол аз сол ташрифи шумораи экспертони хориҷӣ ба Донишкада зиёд гардида, семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки омӯзгорон ташкил ва баргузор мегарданд. Дар доираи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои олӣ Донишкада соҳиби грант дар ҳаҷми 120 000 доллари амрикоӣ гардид. Ҳоло 11 адад лоиҳаи нав бо ҳамкорони хориҷӣ дар марҳилаи коркард қарор дорад.

Дар соли таҳсили 2021-2022 мубодилаи байналмилалии донишҷӯён ба нақша гирифта шуда, 37 нафар муҳассилин барои мубодила фаро гирифта мешаванд. Донишкада дар доираи барномаи тезонидани раванди байналмилалигардонӣ байни Донишгоҳҳои Осиёи Миёна ва Хитой корҳои назаррасро анҷом додааст.

Донишгоҳи Севиля, ҳамоҳангсози лоиҳа Донишкадаро аз қатори ҳамаи шарикон барои муариффии лоиҳаи UNICAC дар Ярмаркаи виртуалӣ, ки моҳи октябри соли 2021 аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи байналмилалӣ гузаронида шуд, интихоб намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада баҳри омӯзиш ва густариши ҳамкориҳои судманд ба Донишгоҳи Окани Туркия ва Лауераи Финляндия сафар намуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба талаботи Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-19 чораҳои пешгирикунанда ба роҳ монда, корҳои муайян иҷро карда шуд.

Аз ҷониби масъулини кормандони хоҷагӣ тибқи меъёрҳои амалкунанда ҳамарӯза ду-се маротиба дар биноҳои таълимӣ, роҳрав, утоқҳои корӣ, синфхонаҳо ва хобгоҳи донишкада корҳои безараргардонӣ (дизенфексия) гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 15 васоити ахбори умум, аз ҷумла нашрияҳои “Сухани халқ”, “Омӯзгор”, “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Тирози ҷаҳон”, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ва телевизионҳои маҳаллӣ иштирок карда, саволҳои худро перомуни амалишавии лоиҳаҳо, таҳсилоти фосилавӣ, рафти супоридани имтиҳонҳои хатм, таҳсили устодону донишҷӯён дар хориҷи кишвар, вазъи пардохти маош ва баланд бардоштани моҳонаи устодон, дастгирии ятимону бепарасторон, вазъи забономӯзӣ, имтиёз ба донишҷӯён, таҳсил дар магистратура, робитаҳои байналмилалӣ, ҳолати хобгоҳи донишкада ва ғайра пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.

Дар поёни нишасти матбуотӣ директори донишкада аз ҳамкории рӯзноманигорон изҳори қаноатмандӣ карда, барои инъикоси воқеъбинонаи дастовардҳои донишкада ба намояндагони васоити ахбори умум арзи сипос намуд.

IMG_3834
IMG_4426
IMG_4390
IMG_4431
IMG_4433
IMG_4437
IMG_4438
IMG_4444
IMG_4446
IMG_4448
IMG_4451
IMG_4459
IMG_4469
IMG_4471
IMG_4474
IMG_4475
IMG_4478
IMG_4484
IMG_4486
IMG_4488
IMG_4499
IMG_4512
IMG_4514
IMG_4519
IMG_4524
IMG_4525
IMG_4529
IMG_4531
IMG_4533
IMG_4539
IMG_4546
IMG_4552
IMG_4553
IMG_4562
IMG_4566
IMG_4568
IMG_4575
IMG_4582
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *