Нишасти матбуотӣ: 16 нафар устодон рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуданд

Нишасти матбуотӣ

16 нафар устодон рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуданд

Нишасти матбуотии директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ баргузор гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ бо гузориши муфассал директори донишкада баромад намуда, перомуни дастоварду комёбиҳои ҷомеаи меҳнатӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 маълумоти муфассал дод.

Мавриди зикр аст, ки дар донишкада 232 нафар профессорону омӯзгорон фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд, ки аз ҷумла 7 нафар докторони илм, профессорон, 3 нафар номзадҳои илм профессор, 58 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, 70 нафар муаллимони калон ва 94 нафар ассистентҳо мебошанд.

Таҳсил дар донишкада бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Зиёда аз 35 нафар олимону омӯзгорон дар гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ машғулиятҳоро аз ҳамаи фанҳо (иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра) бо забони англисӣ мегузаронанд.

Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, дар ду баст ташкил карда шудааст.

Базаи моддию техникӣ дар сатҳи лозима қарор дошта, аз ҷумла 606 адад компютерҳои замонавӣ, 70 адад ноутбук, 20 адад телевизор, 18 адад экран барои проектор; 103 адад проектор, 33 адад тахтаи электронӣ, 134 адад камераҳои назоратӣ мавҷуд мебошанд.

Дар Донишкада китобхонаи анъанавӣ, китобхонаи электронӣ, синфхонаи интернет, синфхонаи лингафонӣ – 3 адад, синфхонаҳои компютерӣ – 9 адад, синфхонаи таълимии бонкӣ – 1 адад, маркази омӯзиши забонҳо, толори маҷлисгоҳи калон бо 250 ҷои нишаст, толори Шӯрои олимон, толори фитнес бо 18 тренажерҳо, майдончаи варзишӣ, ошхонаи бо 90 ҷои нишаст, хобгоҳи дорои 26 адад ҳуҷраи истиқоматӣ, ки барои 70 нафар донишҷӯён, бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.

Донишкада бо зиёда аз 220 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзӣ дорад, ки дар он донишҷӯён ва магистрантон дар давоми таҳсил аз таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.
Дар солҳои  2019-2020 16 нафар омузгорон рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар устод рисолаи доктори хешро бо муваффақият ҳимоя намуданд.  Аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорон дар соли ҷорӣ 11 монография дар ҳаҷми 90,6 ҷузъи чопӣ, 6 китоби дарсӣ дар ҳаҷми 60,7 ҷузъи чопӣ, 16 маҷмӯаҳои таълимӣ-методӣ дар ҳаҷми 241,5 ҷузъи чопӣ, 56 мақолаҳои аз тарафи маҷаллаҳои КОА (ВАК) тасдиқшуда дар ҳаҷми 38 ҷузъи ҷопӣ, 129 мақолаҳои дар маҷаллаҳои илмии хориҷӣ дар ҳаҷми 94,66 ҷузъи чопӣ, 45 мақолаҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 29,56  ҷузъи чопӣ, зиёда аз 129 мақолаҳои илмӣ дар маҷмӯаи дохилидонишкадавӣ дар ҳаҷми 90,53 ҷузъи чопӣ ба табъ расиданд.

Донишкада бо зиёда аз 60 донишгоҳҳои Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, устодону магистрон ва донишҷӯён тибқи барномаҳои ЭРАСМУС – МУНДУС, ТАРГЕТ 1 ва 2, ТЕМПУС ва лоиҳаи ФЛЕПП метавонанд такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ  ба роҳ монанд.

Дар донишкада дар доираи лоиҳаи грантии таълимоти касбӣ ва амалӣ намудани донишҷӯдухтарон барои фаъолият дар соҳаи  сайёҳӣ ва меҳмондорӣ Маркази таълимии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ташкил карда шуда, аввалин хатмкунандагони он – 60 нафар сазовори сертификат гардиданд.

Имсол тавассути Маркази миллии тестӣ наздики 10 ҳазор нафар донишкадаи моро интихоб намуданд ва аз ин теъдод баъди маълум гаштани натиҷаҳои имтиҳон ва тақсимот аз тарафи ММТ 937 нафар дар тақсимоти аввал донишкадаи моро интихоб намуданд, ки ин натиҷаи беҳтарин мебошад.

 

 

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони беш аз 22 васоити ахбори умум, аз ҷумла нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Омӯзгор”, “Ҳақиқати Суғд”, “Согдийская правда”, “Суғд ҳақиқати”, “Тирози ҷаҳон”, “Саломат бошед”, “Ворисони Сомониён”, “Фараҷ”, телевизионҳои маҳаллӣ: “СМ-1”, “Танин”, “Салом”, “Ҳафт ситора”, “Диёр” иштирок карда, саволҳои худро перомуни таҳсили устодону донишҷӯён дар хориҷи кишвар, риояи таҳсил бо фосилаи иҷтимоӣ, фаъолият дар самти мубориза алайҳи Ковид 19, вазъи пардохти маош ва рухсатпулиҳои устодон, баланд бардоштани мақоми зан дар донишкада, дастгирии ятимону бепарасторон, вазъи забономӯзӣ, имтиёз ба донишҷӯён, таҳсил дар магистратура, робитаҳои байналмилалӣ ва ғайра пешниҳод карда, посухҳои муфассал гирифтанд.

Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *