НИГОҲИ КАҶУ БЕРУН АЗ ВОҚЕИЯТИ АҚИДАИ М.КАБИРӢ ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТ

 

Воқеан интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар бо хотири рушду ободонии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятро тақозо мекунад. Ҷои таассуф аст, ки дар ҷамъиятҳои осоишта  шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое  низ ҳастанд, ки кӯшиши мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Масалан роҳбари ТЭТ ҲНИ М.Кабирӣ аз қабили чунин ниҳоти диниву мазҳабии тундрав,  нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам дар бораи тира кардани фазои оромии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан, аз ҷониби роҳбари ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ- Паймони миллӣ  М.Кабирӣ баёнияе нашр гардидааст, гӯё имрӯз “дар кишвар барои интихоботи озод ва шаффоф ҳеч гуна шароит вуҷуд надорад”, ки ин андешаҳои носолим заррае дар вуҷуди инсон ва ҳар шаҳрванди ватандӯсти мо ҷой нахоҳад гирифт ва ин суханон ҳеҷ асоси воқеӣ ҳам надорад. Шахсан мо дар якчанд интихобот ва маъракаҳои пешазинтихоботӣ ширкат варзидаем. Тибқи нақша дар ҳамаи сатҳи маҳал вохӯриҳои номзадҳо ба вакилӣ доир гардиданд. Мардум аз қишрҳои гуногуни ҷомеа фаро гирифта  шудаанд, ки ширкати фаъолона ва саволу ҷавоби воқеӣ аз он шаҳодат медиҳад.  Дар иртибот ба ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки қаблан аъзоёни собиқ ҳизби назҳатиҳо, ки имрӯз ТЭТ ҲНИ ва ё  “Паймони миллӣ”  унвон гирифтааст дар интихоботҳои қаблӣ чунон корбарӣ менамуданд, ки бо саволу ҷавобҳои сохта, баромадҳо бофта ва хулоса, мардумфиребӣ кори онҳо буд. Пас аз ин ҳадафҳо ва амалҳои нописандона  ҲНИ радди маърака гардиду аз бовариву эътимоди халқ баромад. Имрӯз ҳамчун ҳизби хиёнаткор, дурӯя ва ҷинояткор аз байни аҳзоби сиёсӣ решакан гардид. Хушбахтона имсол чунин амалҳо аз ҷониби  ҳафт аҳзоби сиёсии кишвар тамоман дида нашуд. Таҳлилҳо собит менамояд, ки ҳамаи марҳалаҳои баргузории интихобот, барӯйхатгирӣ, фаъолияти судманди участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ, пешбарии номзадҳо ва таблиғу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ сурат гирифтанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо дар он аст, ки аз ҷониби мушоҳидони сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла , Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев баъди ба анҷом расидани маъракаи сиёсӣ зимни як нишасти матбуотӣ дар пойтахти кишвар  қайд кард: “Мо нозирони ИДМ аз 31 ҳавзаи интихоботӣ боздид намудем ва онҷо ҳеҷ як қонуншиканиҳо мушоҳида накарданд.” Инчунин С.Лебедов зимни суханрониаш қайд кард, ки  ташкили маъракаи интихоботӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ дуруст ба роҳ монда шуда, нозирони ИДМ ҳеҷ як ихтилоферо дар ин ҳавзаҳои интихоботӣ мушоҳида накарданд.  Сергей Лебедев дар интиҳои баромадаш қайд кард, ки масъулин маъракаи раъйдиҳиро дуруст ба роҳ мондаанд. Аз ин гуфтаҳои асосноку тасдиққунандаи нозирони сатҳи байналмилалӣ бояд ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ, алалхусус роҳбари ТЭТ ҲНИ  М.Кабирӣ доир ба маръакаи муҳими сиёсӣ, каме андешаронию хулосабарорӣ кунад. Воқеан  пешгӯӣ ва  нигоҳи қаҷи ӯ доир ба интихобот берун аз воқеият аст. Хулоса ҳеҷ як террорист ва тафриқаандоз ҳаққу ҳуқуқи мудохила намудан, хосатан дахолати лафзиро ба ҳаёти мардуму кишвар надорад.  Агар Муҳиддин Кабирӣ назари шахсии худро медошт, мо ба ӯ ҷавоби хос медодем, ки гӯё интихобот “поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст.” Кабириву ҳизбаш чӣ арзише доштанду доранд,  ки боз ба интихоботи Тоҷикистон дахолат намудаву “баёнияи таҳрими интихобот” медодаанд! Ин сухан на ба ақл рост меояд, на бо дарбеҳ кардан соҳиби мантиқ мешавад. Бо ибораи дигар гӯем ба ҳаёти сиёсии мардум дахолат мекунанд ва ҳақиқатро дурӯғ ва дурӯғро ҳақиқат нишон додан мехоҳад !…

Хулоса, имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор,  ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд ва хоҳанд бурд!

 

Муаллими калони кафедраи забонҳои

тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

Манонова Р.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *