Зиндагии шоистаи имрўзаи мардуми кишвар тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалҳои созандаву бунёдкоронаи мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз насиб гардидааст. Истиқлолият ва фазои амну субот Тоҷикистони биҳиштосои моро боз ҳам шукуфонтар сохтааст. Инро миллионҳо мардуми сулҳхоҳу рўшанзамири олам эътирофу эҳтиром месозанд. Аммо чашми чанд тани ангуштшумори фарзандони ношукру тирадилу мансабхоҳи ватанфурўш аз ин оромию пешравиҳо «сих» мезананд. Дар сархати ин хиёнаткорони миллат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки феълан дар рўйхати ташкилоти экстремистию террористӣ таҳти рақами 79 шомил шудааст, ном бурда мешавад. Аз ибтидо ТЭТ ХНИ ба ин миллату сарзамини аҷдоди нигоҳи нек надошт. Зеро бепарда аён буд, ки маҳз ҲНИ ва саркардаҳои он ташкилотчи ва гунаҳкори асосии ходисаҳои фоҷиабори солҳои 90 – уми асри гузашта дар Тоҷикистон аст. Дар натиҷаи муқовимати шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз 1 миллион сокини осоишта фирори гардид. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА ҳисорот расид. Дар ҳамин давра, бо роҳнамои ва пуштибонии ТЭТ ҲНИ беш аз 500 нафар ҷавонони Тоҷикистони барои таълимгири ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуданд. Айни замон аксарияти онҳо узви фаъоли созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошанд. Мутаассифона, зиёда аз 1100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи таблиғи дасисакорон гаштанд, ки бештари ин гумроҳон ҳамроҳи зану фарзандҳояшон дар кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ ва дигар мамолики Ховари Наздик сарсону саргардон шудаанд. Ҳарчанд Ҳукумати нави кишвар ва шахсан Сарвари Давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди даргириҳои дохилии солҳои 90- уми асри гузашта гуноҳи онҳоро авф кард, барои ба Ватан баргаштанашон мусоидат намуд ва умед доштанд, ки онҳо бо дилу нияти покиза ба давлату миллати хеш содиқона хизмат мекунанд, аммо онҳо аз роҳи хиёнат ва ниятҳои шуми хеш барнагаштанд. Ба таъбири мардумӣ «гургзода оқибат гург шавад» ва саркардаҳои ҲНИ дигарбора хостгори куштору барангехтани кинаву адоват ва халалдорсозии авзои ҷомеа шуданд.
Аз ин лиҳоз зарур аст, ки аҳли ҷамоатчигӣ аҳли маорифу фарҳанг, волидон, муассисаҳои таълимию касбӣ бо ҷавонон ҳама вақт дар робита бошанд. Ба онҳо моҳият, сабабҳои авҷгирии терроризм ва ифродгароиро фаҳмонанд. Онҳоро ба маҳфилҳои касбомӯзӣ ҷалб намоянд. Ҷавонон вақтҳои холигии худро ба варзиш сарф намоянд. Ҳунарҳои гуногунро омӯзанд ва барои пешрафт ва ободии Ватани хеш саҳмгузор бошанд.
Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «хӯҷаинҳои аҷнабӣ» гарданд.
Холиқол Даврон Нозимович
Ассисенти кафедраи молшиносӣ ва
фаъолияти гумрукӣ